Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҷаҳлаш ҳамин гуна сахт буд.
Садрӣ тележкаро кушт.
Занҳо хамўш, духтарҳо хамўш, ҷувонмардон хомўш буданд; замин, буттаҳои сиёҳу тираи пахта, одамон, моҳи осмон, теппаҳои дур, яккатут, ки сари вот буд, ҳатто оби сарҷўй сокит шуданд.
Адҳаму Бой, Салиму Девлох ва Ҳасану Мирзоараб низ чашм ба раис дўхта, ҳар ҷунбиши ўро мепоиданд.
Ҳозир не, ҳоли дигар Садафро лат мекунад!
Ногаҳ садое сукунатро шикаст: хари сафед падид омад!
Ва бепарво, беъэтино, ба иборае- харона, ба даруни пахта даромад. Ҳеҷ нигоҳе ба мардум накард ва ғўзаҳои хому шукуфтаро бо лабонаш чидан гирифт! Меканду мехўрд. Гурусна буд.
Бобонаҷво «товба» зад.
Ҳама донистем, ки ў аз он хари сафед ёд кард.
Раис нахуст хеле оҳиста сўйи хари сафед тоб гирифт.
Ва напурсид ҳам, ки хари кист? Гапи зиёдӣ лозим набуд. Ин ҳамон хари сафеде буд, ки дар ин ҷо соҳиб надошт.
Не, надавид раис, балки орому батамкин ба сўяш роҳ пеш гирифт. Гўё аслан қасдаш ин хар набуд, роҳи дуреро ихтиёр карда буд ва ин рафтани ў ба хар ҳеҷ рабте надошт. Ё харро мефиребид?!
Бо хари сафед ки баробар шуд, тунд баргашту ба шикамаш лагаде маҳкам зад.
Садоҳое баромад:
- Ҳамон аст!
- Наход!
- Ба Худо, ҳамон хари сафед аст!
- Не- йее?!..
- Харе ба ин гуна сафедӣ дар куҷо дидаӣ?! Ҳатман ҳамон даҳшат аст!
- Ҳеҷ мумкин нест, ки ҳамон бошад. Ягон хари бесоҳиби дигарест! Рост намегум?!
- Кӣ як чунин хареро сарҳўй мекунад?! Ҳамон аст!
- Ҳамон аст!
- Ҳамон аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё