Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Акайи Сайкор! Чӣ, дигар миёнмон бишканад ҳам, нашинем?!- ситезаҷўёна нидо кард Баргигул.
- Чаро ҳардутон шиштен?!
- Хайр, худтон ҳам миёмаден, мешиштем, се кас!
Падараш хашмгин ба сўяш тоб хўрд. Баргигул остинашро ба рўяш кашид. Ва аз пушти остинаш ҳанўз ҳам овозаш шунида мешуд: - Пахта набошад, хока бичинем!
Аввал Аюб бепарво буд, вале ҳоли Зиёву духтари ўро ки дид, баройи хотири ҳамсоягӣ ин сўву он сўяшро дид зад, то ки писарашро ёбаду танбеҳ кунад. Сангу чўбе ҳам мекофт. Ҳеҷ ки пайдош нашуд, тоқияшро аз сар гирифта, бар сари Сафар бо қаҳр ҳаво дода гуфт: - Ҳе, бар падарат лаънат, мемирӣ ки пахта бичинӣ!
Ва бо ҳамин қаноат кард. Бигардемаш, одами қаноатманде буд. Падар бошад, ҳамин бошад!
Пас истоду гўш ба овози Сайкор дод. - Ғулом! Ҷавҳарбӣ!
- «Ҳай-ҳай-ҳай!»
- Зайнаб, Гадо!
- «Ҳай-ҳай-ҳай!»
- Гулчира, Буҷул!
- «Ҳай-ҳай-ҳай!»
Ҳар боре Сайкор касеро ном мегирифт, мардум аз таҳти дил айбаш намекарданд. Ку моҳи беайб?! Баробарӣ- бародарӣ!
Моҳпарча дигар ин ҳамаро бардошт накарду нидо дардод: - Бас аст! Шаб шуд. Мо хонаву дар ҳам дорем!
Зувайр сўяш нигоҳе андохт, бе ҳеҷ гуна маънӣ, беэътино, носанҷида.
Моҳпарча зўрии чашми ўро бардошт, тавонист бибардорад ва гуфт: - Акаи Раис! Корамон доред, бигўед коратонро, корамон надошта бошед, ҷавобмон бидиҳед, биравем хонаҳомон!
- Айбу шарм гуфтанӣ гапҳо аст!
Моҳпарча ҳамоно хомўш набуд, мегуфт: - Гўш додантон беҳуда аст, акаи раис! Сайкор номи саги шуморо башикаст намегирад, ҳайфини…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё