Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба нияти пахта, ки дар бомдод аз хонаҳотон мебароянд, пахта бичинанд! Бех- бехи туту қад- қадди заҳбурҳову миёни бияҳо нагарданд, миёни буттаҳо нашинанд! Ман дигар дум- думи бачаҳои шумо намегардам!
Ман дигар намехоҳам аз калонҳо гап бишнавам!!! Ман ҳам ба худ обрў дорам, ришу бурутам сафедӣ пайдо кардаанд! Мардум! Бомдоди дигар, аз фардо, дигар бачаҳора ма дар бари духтарҳо ҷўяк намедиҳам! Мардум!..
Мардум якбора ба шўр омаданд. Сайкор чӣ ҳовагўйӣ дорад?! Ҳама аз фарзандони худ дилпуранд. Ва баробар ба тарафи Сайкор нидо дардоданд:

  • Сайкор, фикр куну баъд гап зан!
  • Фикр кардаму баъд гап задам!
  • Сайкор, духтардориву писардорӣ коре нест, ки ба маҷлис барориш!
  • Эй, мардум!..
    Мардум асабӣ шуда буданд. Ба ў маҷол надоданд, ки гап бизанад.
  • Худат ҳам чаҳор фарзанд дорӣ! Ҳар чаҳорашон духтар ҳастанд!
  • Ҳо, дорам. Баройи ҳамин ҳам ҷонам дар сари мўшон меларзад. Баройи ҳамин ҳам мегум! Ҷони ман дар сари мўйи фарзандонам меларзад! Мегум!..
  • Сайкор, мон, гапа дароз накун!
    Мардум изтироб доштанд. Ҳаяҷон бардошта буданд. Ботинашон талотум мекард. Ҳеҷ кас муштоқ набуд номи фарзандашро аз даҳани айбнеҳи Сайкор бишнавад.
    Дидам, ки Сайкор хеле озурда шуда буд ва ҳеҷ намехост дигарон озурда набошанд.
    Ман ҷойи панаҳтаре аз чашми ў меҷустам ва ақибнишинӣ мекардам.
  • Сафари Аюб! Баргигули Зиё!
    Онҳо ҷавоб нагуфтанд.
    Сайкор идома дод:
  • Чаро дар миёни ҷўяк нишастед? Ҳине, ки дигарон пахта мечиданд…
пешина
аз 186
навбатӣ