Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Панҷоҳу нуҳу ним… Панҷоҳ кило! Бигардам, ту барин ҷавонмарда!
- Садаф! Бисту ҳафт кило!…
Сайкор ҳеҷ чиз нагуфт ва боқимондаҳоро даъват кард.
Гуфтугўйи паст- пасти мардум, садои тарозу, ҳай- ҳайи занҳо, пичир-пичири духтарҳо…
Ва Сайкор нишаст пеши фонус, ки акнун кўрпашаҳо ғавраш карда буданд, ба ҳисобу китоб нишаст. Чуташ ба шарақ- шарақ омад.
Аз ҷо бархост, рангаш канда буд, навмед ба Раис нигоҳ кард. - Чӣ, чӣ кадар?! – пурсид Зувайр.
- Кам аст.
- Воҳима накун!
- Ина!
Раис ба рўйи дафтари Сайкор хам хўрд.
Дукаса дарҳол шумурданд. Боз ҳам кам буд. - Кор расвост! - нидо кард Сайкор.
Рў ба одамон карду гуфт: - Ягон нафар нокашида мондааст?!
- Не, ҳама кашиданд!
Зувайри народ хомўш ба нўги мўзаҳояш менигарист ва аз чизе фикр мекард. Ногоҳ сар бардошт ва сахт Сайкорро песонид. - Намешавад, Сайкор!
- Чӣ кунам, акайи раис! Рўзи дароз мисли подабон дар думшон ҳастам. Шиштаншон намемонам, вале чӣ фоида?!
Боз ҳам гаптон рост аст: ин мардума на ба гапи хуб кор мефармоӣ, на ба гапи бад!
Чашмони Зувайр беҷо мешуданд. - Не, Сайкор, корат маза надорад!!!
- Акайи раис!…
- Мемириву панҷсад кило меёбӣ! Хона ба хона мегардӣ, кўрпаву болиши мардумро медаронӣ, ҷомайи кўдаконро пахтакаш мекуниву планро имшаб меканӣ!!!
Сайкор музтару дармонда ва ночор рў ба ҷониби мардум гардонид. Як- як ҳамаро нигоҳ карду гуфт: - Диден, мардум! Ман мегум, фарзандотонро дар хонаҳотон насиҳат кунен, ки беҳуда нагарданд, пахта бичинанд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё