Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вазъи чандон хубе барои рафтан ба хонайи дўст надошт, вале майли ҷойи обод ба сўйи хонайи як ошно мекашидаш.
Ў ба роҳ уфтод, ба роҳи хонайи дўст.
Баъди тардиди зиёд дарро ба рўяш кушоданд. Ў даромад. Дўсташ аз дидани ў ваҳшатзада шуд. Ў беқайду бебок буд; гуфт:

  • Хонама ғасб карданд...
  • Аз дунболат касе набуд?- пурсид асабиву бегона дўсташ.
    Ҳо, ҳама ҳамшаҳриҳояш аз якдигар дурӣ меҷустанд.
    Дар назарашон алоқаву муҳаббат ба ҳамдеҳагон як навъ иттиҳоди заҷрдиҳанда метофт; гўё ҳатмӣ дар паяшон шуда буданд. Ҳарос доштанд.
    Вён Шаранг посух дод:
  • Не.
    Дўсташ гуфт:
  • Бидаро, Худо бигират, касофат!
    Дўсташ як бист сол аз ў камтар умр дошт ва чунин дуруштию хушунати гўё шўхиомези дўстонаро дар ҳаққи ў раво медид. Дигарон бо ў бо қадршиносиву эҳтироми шоиста муомила доштанд. Аҷиб, шунидани ҳамин сахтсуханиву таҳқир, ки тарсашро дар худ мепарварид ва аз одамон ҳамеша нигарониашро дошт, таворуфу нозукандеширо аз ў дур карда буд. Ва бе он ки ранҷиданашро зоҳир намояд, бо тамойилу як навъ фурўтании беш миннатдорӣ, бо эҳсоси вазъи аҳмақонайи худ кафшҳояшро аз по кашид.
    Норозӣ шуд аз худу аз зиндагӣ.
    Андўҳу хастагӣ дубора фаро гирифташ. Бале, хеле аз худу аз зиндагӣ норозӣ шуд. Пеши худ шурўъ кард ба гуфтан: «Дар як майдон ҷамъ шуданду риданду гуфтанд:
    «Инқилоб кардем. Бар падарат лаънат, зиндагӣ! Ва ин чӣ дунёе!? Нафрат! Нафрат ба ту, ки натонистӣ аз хориву зиллат амонам бидиҳӣ! Турфа давлате! Қудрате надорад, ки ба бузургонаш нон бидиҳад, ҷо бидиҳад. Ҳо, ман ва ҳамчу ман инсонҳо каманд, вале ба кӣ даркорем? Кори мо ба кӣ даркор аст? Чӣ хубе. Бимирӣ, ки имзоҳойи понздаҳшонздаҳ шахси воломақоми расмӣ зери таъзияномайи қолабие, ки кадом рўзноманигори хоболуди аз ту бехабар бо сухани об шустайи беранг навиштаасту онро дар телевизион як диктор бо ғами дурўғӣ, овози дурўғӣ бихонад.
пешина
аз 186
навбатӣ