Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аз баҳри ҳама чизҳойи хурду резайи зиндагӣ мегузарам. Хона даркор нест. Ҳамон газ ба ман чӣ даркор? Дар ин зиндагӣ, ба ҷуз чанд коре, дигар ҳич арзише наметонад ҷо дошта бошад. Аз баҳри ҳама чизҳо дар ин зиндагӣ бигзарам, то чизи бузурге дошта бошам.
Танҳойии ман беҳтар аз хешовандгаройӣ аст. Хуб аст, ки зану бача надорам. Азоби бачадорҳоро- ку мебинам. Не, хуб шуд, ки танҳоям. Бо бачаҳо куҷо мерафтам? Ҳоло мехезаму меравам ба хонайи дўстам. Як ҷойи хоб баройи як шаб пайдо мешавад. Мекобам. Ва фардо меравам ба сўйи кўлҳо.
Ба диёри обҳо меравам. Дилам мехоҳад ба диёри обҳо биравам. Хуб шуд, ки хонайи маро ғасб карданд. Агар он ҷо мемурдам, Имрўз ҳама дар пайи зиндагии худанд. Кӣ дарак меёбад, ки ман мурдаам? То чанд моҳ он ҷо мемонам, вайрон мешавам, мепўсам, бў мегирам ва маро чун мурдоре ба хандақ меафкананд. Не, не, хафа нестам, ки хонаамро гирифтанд. Хуб шуд, хуб шуд. Меравам ба диёри обҳо. Он ҷо хуб аст. Ман агар дар куҳ мурдам, ҷисмам намеистад: ҳавояш сард аст ва ҷондорҳойи замину осмон аз ман нафрат намекунанд, гўштамро мехўранд. Мисли мурдагони қадим аз гўшту пўст орӣ мешавам ва устухонҳоямро сангҳо мемаканд. Ва агар дар канори обҳо бимирам ва дар обҳо... Марге аҷаб… Он ҷо моҳӣ надорад, ки бихўрадам. Сард аст ва солҳойи дароз рў ба осмон хоҳам буд. Беҳтарин либосамро дар бар хоҳам кард, сепояю лавҳи наққоширо низ бо худ хоҳам гирифт. Оё либосам аз танам намеравад? Ҳеҷ намехоҳам бараҳна бошам. Шояд акси абрҳо ва куҳҳо болоямро бипўшонанд.
Меравам, меравам! Зодбуме надорам, агар ҷое ҳам зода шудаам, ба ҳич кас ҳам нагуфта, дилам он ҷоро хуш карда. Ба он куҳҳо ва он деҳи дури баланд муҳаббат кардам. Зодгоҳам набуд. Хокгоҳам хоҳад шуд.
Биравам! Биравам!»
Пургўйиҳое таассуфангез, ки як навъ эътироз ба дунё буданд, хастааш карданд. Гўё пеши мардуме дар майдон қарор зада буд. Ё видоъ буд. Ё хоб буд, бедор шуд. Нороҳат аз ҷояш хест. Дар асари ин ҳаяҷони вогир табъи нохуше дошт. Малолии имрўза ҳам ба ёдаш омад ва як ҳолати бачагонайи ранҷиш аз ҳамаву ҳар чиз дар замираш ангехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё