Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пулро шинохт. Пойҳойи худро таҳсин кард, ки кори маъқул мекунанд, боақланд. Хобгоҳи пешинааш дар он сўйи пули бузург буд. «Дар ин се сол маро фаромўш накардаанд, ки шабро ин ҷо рўз кунам,- гуфт ба худ.
Он ҷо дарҳо баста буданд ва дар тирезаҳойи во изорчаҳойи хурду бузурги занонаву мардонаи ҳарранга овезон. Ва ў гиряву хандайи кўдакону ғавғойи авратинаҳойи деҳистонро шунид. Дилаш фишурда буд: фаҳмид, ки хобгоҳашро низ ғасб кардаанд.
Ў дар умраш нагириста буд. Ин ҷо, рўйи хараки ободе, он ҷое, ки ба фикри ў тирнорасу бехавф буд, нишаст ва ба чанд тирезайи рўшану иморати бузург зери чашм нигоҳе андохт. Нисфи мардум аз шаҳр рафта буданд. Онҳое, ки монда буданд, чароғҳошон ҳамеша шабҳо мемиранд. Дили ў ваҳм бардошта буд. Боз аз худаш гап карда, ки тарсуву камрў аст. Не, не! Ин тавр нест: ҳаргиз ў тарсу набуда. Чӣ гуна тарсу ҳаст, ки ҳич аз мурдан наметарсад. Ҳозир аст дар ин лаҳза бимирад. Ва боз ин ҷо аз гиребони худ гирифт.
«Ин мурдан, ки ту мехоҳӣ, аз ҷасурӣ нест. Аз оҷизиат аст.
Пеши зиндагӣ дасткўтаҳӣ аст. Зиндагӣ он гуна гаронат омада, ки марг ягона чораи раҳидан аз ин душвориҳост.»
Боз сархам шуд. Пас ў кист? Чӣ шахсиятест?
Як ҳолати баде ёраш шуд. Шаб фаро расида буд. Торикии камранги шаб андак- андак сиёҳӣ мегирифт. Ва ў дар ин сиёҳӣ батадриҷ гум мешуд. Ногаҳон шурўъ кард ба ҳарф задан. Овозаш пасти паст буд: ў ҳамеша ҳамин гуна гап мезад. Вале шунида мешуд: «Ҳолате ки дорам, аз беҳтарин ҳолатҳойи ман аст. Мехоҳам бештар дар ин ҳолат бимонам.
Ин ҳолат ҳич аз ман наравад. Бештар дар ин ҳолат будану аз ин ҳолат басамар истифода кардан маро аз ин тангиҳо бурун хоҳад бурд. Ҳо, ҳатмӣ аз ин рангҳо берун кашида мешавам. Умед ҳаст, умед намурдааст, зинда аст. Ва набояд ҳам бимирад. Зиндагии дигаре тоза шурўъ шудааст. Корҳое гардон шудаанд. Ман низ коре хоҳам дошт. Зиндагиро нав шурўъ кардам, қатъаш чаро кунам? Дигараш мекунам, дигаргунаш мекунам, Шаб кор мекунам, рўз кор мекунам, ҳатмӣ комёб мешавам. Ин зиндагӣ насиби ману ман вориҳо хоҳад гашт.

пешина
аз 186
навбатӣ