Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
- Не, марг тасодуфӣ намешавад,- мегуфт Раҳмат.- Мардаки шофир гуфт, ки чархҳои мошинам хўрда шудаанд.
Тамоман лағжонаканд. Не,- гуфтанд.- Мошинат соз аст, баҳона мекунӣ. Инженери калон коғаз нависонд. Балонҳои мошинаш дуруст асту кор карда метавонад. Директор, раиси калон одам фиристод, ки аз хонааш гирифта барандаш.
Агар балонҳояш коромад мебуданд, дар сари гардиш ба ҷар намерафт. Башаст наомада будааст-ку?! Дар раҳи лағжонаки силиқ ҳавои боронӣ мошина партофтааст. Ҳо, мошин аз бекории балонҳо ба ҷар рафт. Худи мардак дар гаражи мо кор мекунад. Дида буд, ки балонҳо чи қадар хўрда шудаанд. Аз кор баромаданд. Ҳа, ҷўраҳо! Тағоии Махсум одами қадим аст. Мегўяд, ба як гап часпид, мегўяду мегўяд. Аҷалро аз кадом як ҷои баланде нафиристодаанд, аҷал аз таги чархи бекораи мошин баромад. Инженери калону раиси калон ҳар ду гунаҳкоранд! - Э мардак! Мемонӣ тинҷ бигардем? Ҳар гапе, ки аз даҳанат баромад, гуфтан нагир! Вақти расидаро ҳазор баҳона аст. Вақтат ки пур шуд, як кор сабаб мешавад.
Дар табақҳо хўрок кашиданд.
Касе ба хўрок даст намезад. Ҷавонмарг шуд ин писарак. Аз гулўи кӣ нон мегузарад?
Беҳуда гов куштанд. Дар ин рўз кӣ нон мехўрад?
Сари гов дар пушти зини велосипеди писари қассоб бор шуда буд. Ў дар иҳотаи кўдакони дигар каллаи пирговро ба хона мебурд. Ҳеҷ дилаш намехост, вале расм чунин тақозо мекунад: чун падараш говкуш аст, наметавонад оини қадимро фарз нашуморад. Риояи оин андаке писаракро хиҷолатманд гардонда буд. Вале гапи падар, ҳукми падар зўр. Сарпечӣ карда намешавад.
Ҳаво гоҳ абр мекарду гоҳ соф мешуд.
Анбўҳи одамон зиёд шуда буданд. Касе аз ҷояш намеҷунбид, касе овозашро баланд намекард; танҳо пастпаст ҳарф мезаданд, ки нагуфтанаш зомин буд. Ҳо, мардум хомўшона интиҳои маросими ҷанозаро интизорӣ мекашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё