Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Банди говро аз шохи гов кушода буданд: вай акнун дар шохи зардолу овезон буд, дар миёни шохаҳои шукуфон.
Дар миёни шукуфаҳо ва баргҳо ресмони пашмини ало оҳиста- оҳиста меҷунбид; ресмони танҳои бегона меҷунбиду як ҳолати ҳузновареро дар дил ба вуҷуд меовард.
Садои гумбур- гумбури пойи одамони бешумор. Онҳо ду- ду, се- се саф кашида, аз тангкўчаҳои пеши хонаи Кенҷаву аз тангкўчаи пеши масҷиди хароб мегузаранд.
Тобутро даст ба даст мебаранд.
Замин лой асту лағжонак. боэҳтиёт мебаранд тобутро.
Аз сари деворҳои паст шохаҳои пургули зардолуву шафтолу бар сари одамон ва ба рўи тобути бахмалпўш гулафшонӣ мекунанд. Рўи раҳи сафари вопасини Халилро гулпошӣ мекунанд.
Барги гулҳо дар зери пои мардуми ҷанозаҳакӣ монда, бо хоки роҳ омехтааст. Саги думбуридаи Ҳидоят аз пушти мардум медавид, лукка мезад.
Ҷавонмарде баргашту сагро бо дўғу пўписа ақиб гардонд. Аз паси мурда ба қабристон рафтани саг убол аст!
Саг баргашту роҳи дигареро пеш гирифт. Аз назди осиёби крак роҳи дигаре ҷониби қабристон мерафт.
Саг дар он роҳ медавид. Сагони дигар ногаҳон ба вай дарафтоданд. Вай майли ҷанг кардан надошт. Вале бо зўрӣ вайро сагони ин гузар ба ҷанг мекашиданд. Бо онҳо дар афту дарафт шуд. Овози ҷанги сагон. Овози сагҷанг то ба тангкўчае, ки ҷаноза мекарданд, мерасид. То хеле онҳоро дунболагирӣ кард.
Саг бо гўшҳои дарида ва гардани хунолуд дар гардиши роҳи магазин пайдо шуд.
Саг дуртар аз одамон, дуртар аз анбўҳи одамон, дар болои сангҳои ғелони селоварда, хаставу нолида ҳаракат мекард ва реб- реб ҷониби одамон нигоҳ мекард, то бубинад, ки касе майли суронидани вайро дорад ё не.
Касе парвои вай надошт. Ҳама ба фикри худ банд буданд. Роҳ лой буду борашон вазнин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё