Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Аҷал пириву ҷувонӣ надорад, пиру ҷавон намегўяд. Омад, ҳар чиз дар сари роҳаш бошад, мебардорад. Худо гўед, шукр бигўед. Ба мурдани як кас, хоҳ пир аст, хоҳ ҷувон, дунё аз зикр намемонад.
Тавба гўед, надомат кунед. Аз ин бадтар накунад, Худо!
Тағоии Махсум пештар касеро гап задан намемонд, пеши ҳар кас намерафт, бо ҳар кас наменишаст. Хеле ғурур дошт. Овози баланди ўро аз ҳар гўшаю канори ин деҳаи хурдакак, вақти ҷўйбортозакунӣ, вақти оббандӣ мешуниданд. Акнун чандин сол аст, ки аз хонаи пастаки бобоӣ, ки дар даруни хонаи баланди имрўза сохтаашон ҷойгир аст, намебарояд.
- Марг фаромўшам кардааст,- гуфт боре ба Ҳидоятулло.
- Дар он хонаи дарун баҷо нашав, ки пайдоят мекунад,
– гуфта буд Ҳидоятулло. - Гов!- гуфта буд ҳамон вақт тағоӣ ба ў.
Ҳидоятулло духтаронашро пайи ҳам ба шавҳар баровард. Ду писари калонашро тўй кард, соҳиби хона намуд ва ҷудояшон кард. Хонаи падариашро ба писари калонаш дод. Писари миёнаашро дар Данғара ҷой дод. Ҳамин хурдиашро бо худ гирифт. Гуфт:
- Ҳаминаш соҳиби ин хонаву дар бошад. Ҳо, ба ин хонаву дар соҳибӣ бояд кард. Ин ҷо қадамгоҳи бобокалонҳояшон буд.
Ҳай дареғ!
Духтари якунимсолаи Халил пеши бобояш омада пурсид:
- Бобо, отам ку? Бобоҷон, отам кай меояд?
Вақти омадани падараш шуда буд. Ҳар рўз ҳамин лаҳзаҳо ў аз дарвоза медаромад.
Дили бобояш дуд гирифт, сиёҳӣ зад, димоғаш дуд баровард. - Э, биёен, ин кўдака аз пешам бубарен!
Духтараке омаду тифлакро бардошт ва аз назди Ҳидоятулло бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё