Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кулчаи зонуяшро сахт газид.
Тағои Махсум пешаш омада, бо ниҳеб гуфт:

  • Э мардак, дар авлоди мо ин хел марди суст набуд.
    Шармандаамон накун! Мард шав!- ва ба маҳзи ин ки Ҳидоят аз ҷояш бархост, то пеши тағояш сустии худро нишон надиҳад, тағои Махсум аз хастагии зиёд ва вомондагӣ ба чинор такя кард.
    Чинор хеле бузург буд, пирамарди лоғари ғамзада шохаи як замон хушкидаи ў барин менамуд, ки ногаҳон дар асари шамоли тунде бар бехи он афтодааст Чинор хеле бузург буд. Ва сиёҳу тира менамуд, ҳарчанд сабз буд, сабзи тирафом.

Ҳидоят аз оғил говеро баровард. Модагов буд он.
Модагов бо сари хам аз дунболи Ҳидоят мерафт. Саркашӣ надошт. Танҳо аз зери чашм ба одамон нигоҳ мекард. Не, наметарсид, намехўсид аз ин одамони бисёр.
Онҳоро дар рўйи ҳавлӣ чандин бор дидаасту мешиносадашон. Говҳояшонро мешиносад, ҳар рўз ба сари пода мебароянд. Подабонӣ кардаанд. Охир, дар ин деҳа подаро навбатакӣ мепоянд. Як рўз ин, як рўз он. Ҳамаи онҳо гов доранд. Ягон рўз гови онҳоро низ ҳамин тавр аз оғил мебароранд, аз миёни одамон мегузаронанд ва ба поёни ҳаёта, ба он ҷое мебаранд, ки дар тўли ин солҳо чанд говро бурданду баъд гўшташонро дар табақҳо гузошта, ба ошхона дароварданд. Ў аз дари кушодаи оғил медид, ки чи гуна дасту пойи говро мебанданд ва баъд меафтонандашу қассоб, ҳо, он мардаке, ки дар пеши сияҳбед истодааст, ду ангушти ғафсашро ба бинии гов меандозад, сарашро боло мекунад ва теғи калони дурахшонро ба маки гов мебарад.
Ҳамеша дар ин мавридҳо хурсандӣ мекарданду имрўз хафаву андўҳгинанд. Халил мурдааст. Ў Халилро дўст медошт. Аҷаб чавоне буд: субҳако ба пода ў мебурдаш, шомгоҳон дар сари роҳи пода ў мепоидаш, ба хона меовардаш, ба оғил мебурдаш, зимистонҳо ў обу алафаш медод. Дар ин хона ў аз ҳама хандонрў буд. Ҳо, ин хона то имрўз ғами бузургро надида буд.

пешина
аз 186
навбатӣ