Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Онҳо ҳоло аз воқеа бехабар буданд. Ў ба қаровулхона баргашт.
- Ҳой, ҷўра, мошини дигар бигирам ё худат мебарӣ?
- Мебарам, ака!
Мошин ба ҳаракат даромад. Чанд каси дигар, ки дар болои мошин нишаста буданд, пушт ба шамол гардонда, гиребонашонро медоштанд.
Дар ҳавлии Ҳидоят мардуми деҳа ҷамъ омаданд, мисле ки дар тўйи писараш ҷамъ омада буданд.
Ҳидоятулло ҳамон вазъеро дорад, ки дар рўзи тўйи писараш дошт.
Модари ҷавон, мисле ки дар рўзи тўй, ҳангоми рақсаш, дастак мезаду остин меафшонд, дастак мезанаду остин меафшонад. Ин ҷо фақат як фарқе ҳаст: ҳама воқеаҳо беовоз ва ниҳоят пасту суст мегузаранд.
Чанд кампиру ҷавонзан ва ду- се духтар, ҳамчунин, хоҳарони ҷавон назди ҷасади ў нишастаанд. Кампирону ҷавонзанҳо мисли модари марҳум дастак мезананду остин меафшонанд.
Ҷавон, ки Халил ном дошт, дар рўи тахт хоб аст. Чашмонаш пўшида, дар сараш тоқӣ, манаҳаш баста. Ҳолати хеле ҳузноваре.
Ҳидоят дар миёни ҳавлӣ, дар иҳотаи мардуми деҳа, ҳаракат дорад ва ҳарфҳои парешон мезанад:
- Ман ҳеҷ камбуд надорам! Ягон камбуд надоштам.
- Ба ман дигар на пул даркор асту на… Пул даркор?
Марҳамат, ман медиҳам! Занак, калиди сандуқ дар кадом кисаам буд?
Ў ба кофтукоби кисаҳояш мепардозад.
Касе аз мардони ҳамсоли ў ба наздаш омада, даст ба китфи ў ниҳоду гуфт: - Худатро ба даст бигир, Ҳидоятулло!
- Ман дигар чӣ кор кунам? Хайр, бигўед, ёру дусто!
Ман чӣ кор кунам!?- нидо кард Ҳидоятулло ва якбора хомўш шуду пеши чинор рафт ва пушт ба чинор доду нишаст. Ба чанор такя зад. Телпакашро, ки ба болои абрўвонаш фуромада буд, пас заду пешонаашро урён кард ва дастонашро ба пешонааш заду сарашро дар болои зонуҳояш гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё