Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳар чизе дар оилаи ҷавон сар занад, бе дахолати ў бояд ҳал шавад. Ў ҳеҷ наметавонад, ки тарафи якеро бигираду тарафи дигариро не. Ҳарду низ барои ў фарзанд ҳастанд. Ва боз онҳо якдигарро дўст дошта гирифтаанд. Аз ҳама қозии зўр барояшон бояд дили худашон бошад. «Дил ки гарм бошад, ин гуна хунукиҳои яклаҳзагӣ ба он таъсире намекунанд,»- меандешид ў ва ҳама ин носозиву ихтилофҳои ногузири оилаи ҷавонро бо ҳазлҳои худ барҳам мезад. Ин дафъа, чун дид, ки шўхӣ аз ҳад мегузарад, мавзўи гапро дигар карданӣ шуд, вале нохост бузе ба ҳавлӣ даромад. Бузи сиёҳ риши дарозе дошту фукаш сафед буд.
- Ин бузи кист?- пурсид Набӣ Абдулло аз ҳамсараш.
- Намедонам,- гуфт кампир.
- Эраҷ, зада барор! Аз хонаи Хиёлино дуртар бар, ки дигар барнагардад,- нидо кард Набӣ Абдулло ва ба тарафи Усто Усмон гашту идома дод.- Се бор шуд, ки ин бузи падарлаънат ба ҳавлии мо медарояд. Аз бузи худамон то ҳол дараке нест. Онеш, буз канӣ?! Аз ин духтару домодат ҳамин қадар нафъ мебинем. Ҳушамон ба инҳо на буз ба хотирамон мерасаду на хар!..
- Бурдам, ба кўчаи калон баровардам,- гуфт Эраҷ аз дари ҳавлӣ даромада. Ў ба кат наздик мешуд, ки сари буз аз дарвоза намоён гашт.
- Боз омад- ку?- пурсид Анварбӣ.
- Бузи кист, кампир?!- боз пурсид Набӣ Абдулло.
- Намедонам,- ҷавоб дод кампири ошуфта.
Буз ба сўи кат меомад. Чашмашро аз пучоқи тарбуз намеканд. - Мон, Эраҷ, наҷунб. Бинем- ку, бузи кӣ бошад?- Анварбӣ хандид.
- Чӣ механдӣ, чундук!
- Ота, ин бузи худамон аст.
- Не-е-е! Фукаш сафед набуд- ку?
Хандаи кўдакон дар пушти дарвоза баланд шуд. Баъд кулоҳи коғазини ранголуде ба даруни ҳавлӣ- назди кат афтиду овози Анвар баромад, ки касеро барои кулоҳ коҳиш мекард; ранги кулоҳи коғазин ба ранги фуки буз монанд буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё