Зеҳн
Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба Наим менигаристу дар дил ўро сахт нафрин мехонд. «Лекин ҷазаба дорад, - фикр мекард ў. - Қувваташ ҳам барзагов барин, вай гўши буридаашро бубин. Дав-дават пару шавад! Мешавад.
Андак ист. Мешавад».
Ў мехост бо забони беустухонаш ин гардани ғафси Наимро хам кунад. Мехост... Вале овози Бозор баромаду фикраш гурехт.

  • Мардум, кор расво! – фиғон кашид ў.
  • Чӣ шуд, Бозор?
  • Чӣ гап?
  • Воҳима накун!
  • Ними дирўза намебарояд пахтаи чидаамон! Кор расво, мардум! – мегуфт ўву вовайло мекард. – Чанд нафар ҳоло пахта накашидааст?
    Дарҳол шумурданд.
  • Даҳ кас, табелчӣ.
  • Вой, вой, вой! Кор ҳамин бошад, мардум, имсол бе «годовой» мемонем. Борон наздик, пилон дур!
    Наим- саркор хомўш буд: ба суханони Бозор гўш медод, ба ваҷоҳати мардум зеҳн мемонд. Мехост бифаҳмад, ки сухани Бозор ба мардум чӣ таъсире дорад. Ў бештар ба одамони дар наздаш истода зеҳн мемонд. Мардум ором буданд. Имрўз, ғайриодат, баъди супурдани пахта роҳи хонаро пеш нагирифтанд. Истодаанд, ки натиҷаи кори имрўзаашонро бифаҳманд. Гапи Бозор онҳоро безобита карда буд.
    “Ҷое, ки бригадир ҳаст, ў чӣ ин қадар гапҳои калон мегўяд ва аз вазъияти плану даромади солона гап мезанад? Беақл аст ё дониста мегўяд? Ин кўр дар дил гапҳои нагуфтанӣ дорад! «Мардум, мардум...” Пеши мардум сухани ў чӣ қурбе дорад?!»- аз худ мепурсид Хиёл. Ў ҳис мекард, ки, албатта, ҳодисае нохуб рўй медиҳад.
    Хиёл нигоҳи сахту номубораки Наимро ба мардум диду гумон кард, ки он танҳо ба вай нигаронда шудааст.
    Фақат ўро дар миёни мардум ба зудӣ намеёбад. Номаълум аз сафи пахтачинон худро дур гирифт. Ба пушти тележка гузашту пахтаро барнакашида ба болои он ҳаво дод.
пешина
аз 186
навбатӣ