Чашми саҳар

«Чашми саҳар»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ қиссаҳои «Абармарди шарқӣ», «Хиёл», қиссаи нотамоми «Аз саргузаштҳои Ҳидоят»-ро дар бар гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданБозор ба ҳар эҳтимол худро дар пушти тарозу гирифт.
- Мардуми хондагӣ, пештарҳо занро буз мегуфтанд.
Шумо, ки мардак шуда, харро ба гардани мо задед, мо розӣ (ў акнун аз номи занҳо гап мезад). Лекин эҳтиёт шавед, хар тапиҳои калон дорад, боз таги тапиҳои хар намонед. Ба ҳар ҳол буз моли майда-дия, заиф.
Наим бетоқат буд. Худро хеле ба даст гирифт, нашуд.
Кафҳои дасташ табарвор сахт буданд, онҳоро ба ҳам месоиду дар гирди тележка чарх мезад. Буқаи майдонӣ барин ба одамон аз таги абрўвонаш теғ мекашиду пой мекўфт. Гарданаш уғураки куҳнаи намаккўбӣ барин абҷир буд ва рахҳои чуқур дошт, ки аз гиребонаш мебаромаданду ба таги кулоҳи хасинаш медаромаданд. Аз онҳо арақ мешорид.
Гапи охирини Моҳпарча ўро девона кард. - Моҳпарча, харҳо ду ҷинсанд.
- Ака, биргатӣ. Қатӣ нашав, ки...
- Моҳпарча, даҳоната пўш!
- Шармандат мекунам, биргат...
Дар ҳамаи ин ҷанҷолу ғалоғулаи мардум изтироби дили Хиёл меафзуд. Ҳозир Моҳпарча гапе мегўяду ҷанҷол тамоман гардиши дигар мегирад. Худро аз миён дур бигирад?
Боиси ҷанҷол халтаи ў буд. Ҳозир ба ў мечаспанд... Ў дар миёни духтарон Саборо дид. Сабо ҳам бепарво набуд. Аз чашмони пурҳаросу нигоҳи парешонаш Хиёл пай бурд, ки ў ҳам бо тарс оқибати ҷанҷолро интизор аст. Дилаш ба Сабо сўхт... Наим Саборо заданӣ шавад, ў ҳеҷ коре карда наметавонад. Охир, ў падараш аст. Ў наметавонад ба падари Сабо нигоҳ кунад. Ҳақ надорад. Баъд, ин ба сўхта намакобку. Шубҳаи Наим барҳам мехўрад, ҳақ будани гапи Моҳпарча пеши мардум собит мешавад. Не, беҳтар он аст, ки кордор нашавад.
Моҳпарчаро ҳайбати Наим натарсонд. Хомўшии ў аз ҳурмати мардум буд. Мардум ба Наим эҳтиром доранд.
Сардор. Чӣ қадар гапҳои нағз дорад. Агар гўяд, ў шармандаву шармсор мешавад. Шарманда мешаваду лек эътиқоди мардум аз Моҳпарча ҳам мегардад. Қурбаш паст мешавад; ҳозир нисбат ба ў фикри бад надоранд.
Андешаҳои Моҳпарчаро гуфтугўи мардум, садои тарозу, ҳай-ҳайи занҳо монеъ набуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё