Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Соқиё, бода деҳ, баҳор гузашт,
Равнақи айши рӯзгор гузашт.
Дари майхонаву сари хумро
Боз кун, вақти интизор гузашт.
Он чи дорӣ, бирез дар ҷомам,
Дарди cap беҳад аз хумор гузашт.
Шоҳиди гул зи бӯстон имрӯз
Тавсани бодро савор гузашт.
Аз паси маҳмили ҷанозаи гул
Нолаи булбули ҳазор гузашт.
Чашми наргис ба ҳар тараф нигарон
Аз раҳи боғ шармсор гузашт.
Ақҳавон1 бар умеди урдибиҳишт
Дидааш бар қафо дучор гузашт.
Займурон2 поймоли сарсар шуд,
Кулаҳи лола з-ифтихор гузашт.
Навбати аҳди бӯстонафрӯз
Чун вафову висоли ёр гузашт.
Ҷомро заврақи ями3 май кун,
Лангари сабр аз қарор гузашт.
Хезу ин вақтро ғанимат дон,
Фурсати умри бемадор гузашт.
Ҳаббазо, чангу шоҳиди лаби ҷӯ,
Мутрибо, соз кун, ки кор гузашт.
Туғрал, аз ҷабри чарх менолам,
Ба ман аз ҷабр бешумор гузашт.
1 Ақҳавон – бобуна.
2 Займурон – райҳон.
3 Ям – баҳр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё