Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фалак ситоракаши фоли эътибори ту нест,
Тараб баҳонагари ҷоми интизори ту нест.

Фурӯғи шуълаи шавқат баланд шуд, лекин
Чу лола як асари доғ аз шарори ту нест.

Сафед гашт туро дида аз сияҳбахтӣ,
Саводи сурма ба чашми умедвори ту нест.

Мабош дар пайи забти инони тавсани ғам,
Ба ҳар тараф, ки равад дил, ба ихтиёри ту нест.

Ба тири оҳ камони умед зеҳ кардӣ,
Вале чӣ суд, ки сайди ҳавас шикори ту нест.

Ту лофи нағмаи ишқаш мазан, ки дар гулшан
Яке зи нолаи ушшоқ аз ҳазори ту нест.

Шумори фурсати имрӯз кун, ки фардоят
Чу тори субҳа туро баҳра аз шумори ту нест.

Рав, аз сари ҳаваси ишқ бигзар, эй зоҳид,
Ту кори хеш бикун, ин сулук кори ту нест!

Чароғи шоми ғами худ зи гиря кун равған,
Чу субҳ хандаи як ғунча аз баҳори ту нест.

Агар наӣ ту ба фармони шаҳрёри ғамаш,
Зи шаҳри ёр бурун шав, ки шаҳрёри ту нест.

Асири мисраи зебои Бедилам, Туғрал:
«Баҳуш бош, ки фурсат нафасшумори ту нест!»

пешина
аз 312
навбатӣ