Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳаё пероҳани андоми ноз аст,
Тағофул пардаи қонуни роз аст.
Бибин зеру бами тори муҳаббат,
Ба мизроби хамӯшӣ нағмасоз аст.
Ба дашноме рақибонро навозад,
Аҷаб шӯхе, ки ӯ душманнавоз аст.
Намеояд барои пурсиши ман,
Ба роҳи интизораш дида боз аст.
Аз он қул-қулли миноро шунидам,
Дилам вақти қиёмаш дар намоз аст.
Ба субҳи васл дорам интизорӣ,
Шаби ҳиҷрон аҷаб дуру дароз аст.
Ба каф осон наёяд домани васл,
Басе дар роҳи ӯ шебу фароз аст.
Дари хомӣ кушо, то пухта гардӣ,
Калиди қуфли таҳқиқаш маҷоз аст.
Маонӣ сайд шуд, Туғрал, зи Шоҳин,
Ки сайди чангулаш1 анқо, на боз аст!
1 Чангул – чангол, панҷа.
То зулфи ту дар хирмани гул ғолиябез аст,
Дар даври қамар бин, ки қирон муштарирез аст.
Тарсам, ки ба дил рахна занад мардуми чашмат,
Варна зи чӣ рӯ ханҷари мижгони ту тез аст?
Мақтули туро нест аз он сурати мурдан,
Барқи дами шамшери ту то ойинарез аст.
Заҳматкаши ишқам, ки чи ҳиҷрону чи васлат,
Аз дасти ҷафои ту куҷо ҷои гурез аст?
Ҳар ҷо, ки зи нақши кафи пои ту нишонест,
Чун арсаи маҳшар ҳама дам ғулғулахез аст.
Афсонаи ҳусни ту ҳар он гӯш, ки бишнид,
Дар даъвии зебоии Юсуф ба ситез аст.
Ҳар кас, ки саводи хати мушкини туро дид,
Дар қофияи ҳусн бигуфто, ки тамиз аст.
Фарҳанги суханҳои дақиқи мани Туғрал
На таври «Суроҳ» аст, на гуфтори «Ҳамиз» аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё