Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То ниҳоли қомати ӯро санавбар чокар аст,
Дар чаман қумрӣ зи ҳасрат ҳамдами хокистар аст.
Бар субути имтиёзи ҳуснаш аз хубони даҳр
Сабзаи хатти зумуррадфоми лаълаш маҳзар аст.
Дӯш дар гулшан ҳадиси ҷаъди гесӯяш гузашт,
Сунбул имрӯз аз хиҷолат поймоли сарсар аст.
Дар хаёли лаъли ӯ чун ғунча бикшоям даҳан,
Ноқаи фикрам саропо зери бори шаккар аст.
Бар фурӯғи дида миннат кай кашам аз тӯтиё,
Мардуми чашми маро то рӯи хубон манзар аст.
Хост ҳушам, дар шаби зулфаш шабехун оварад,
Шаҳнаи1 холаш гирифт, к-ин даври шоҳи дигар аст.
Туғрал, аз осеби чашми бад ҷамолашро чӣ бок,
То дилам дар оташи ишқаш сипанди миҷмар аст.
1 Шаҳна – сипоҳӣ, пулис.
То зеру бами нағмаи мизроби ту соз аст,
Оҳанги навоят ҳама аз пардаи ноз аст.
Ҷуз оҳани ғам кай бувад асбоби футӯҳат
Дар қуфли ҳақиқат, ки калидаш зи маҷоз аст.
Душман бувад, эй дӯст, ба ҳар кас натавон гуфт
Асрори ғами ишқ, ки бе маҳрами роз аст.
Раҳ нест ба гирди ҳарами ёр касеро,
Дар бодияи ишқ басе шебу фароз аст.
Ҳар кас кунад аз машраби худ пеши ту изҳор,
Соғар ба тамошову суроҳӣ ба намоз аст.
Кӯтоҳ намуд аз ҳама савдои ҷаҳонам
Зулфи ту, ки сармояи як умри дароз аст.
Акси ту, ки чун шӯхии парвози кабӯтар,
Монанди нигаҳ ҷилвагари дидаи боз аст.
Туғрал, чӣ хуш аст маънии ин масраи Ҳофиз:
«Рухсораи Маҳмуд кафи пои Аёз аст!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё