Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳазин маншин, ки Наврӯзи баҳор аст,
Ҷаҳон чун Хизри хаттат сабзазор аст.
Баҳор афрӯхт зинат дар гулистон,
Маҳалли файзи сайри гулъизор аст.
Гулу сунбул парешон аз сабо шуд,
Фарозу шеби саҳро лолазор аст.
Ба як сӯ навҳагар қумрӣ зи ку-ку,
Навои булбулу савти ҳазор аст.
Чаман зинатфазо шуд аз баҳорон,
Рухи ёрам ҳамеша навбаҳор аст.
Аз он бо гул шавад бомантиқӣ шарт,
Руху гесӯи ӯ лайлу наҳор аст.
Надорам тоқати дурӣ зи васлаш,
Чу гул ҷонону Туғрал ҳамчу хор аст.
Он ки таслими суҷуди хоки пояш шуд, cap аст,
Раҳбари ойинаи матлаб сафои ҷавҳар аст.
Тойири ишқ аз пару боли ҳавас бошад барӣ,
Он ки дар доми ту афтад, сайди беболупар аст.
Дуди оҳамро асар бошад саводи лаъли ӯ,
Даъвии ишқи маро хатти ғубораш маҳзар аст.
Сурма андар ком дорад мӯи чинӣ дам ба дам,
Ҳар киро тамкин бувад, донӣ, ки гӯши ӯ кар аст.
Нест фикри ошиқон пасту баланди эътибор,
Хонаи ойина кай муҳтоҷи ин бому дар аст?!
Дар ғамат чун шамъ дорам гиря аз шаб то саҳар,
Он чи аз ишқи ту сомон кардаам, чашми тар аст.
Дар саводи сафҳаи лавҳи дили ушшоқи ғам
Мадди оҳам гаҳ мидоду1 гоҳ тори мистар2 аст.
Нест, Туғрал, дар раҳи мақсад далели дигаре,
Ишқ моро оқибат дар кӯи ҷонон раҳбар аст.
1 Мидод – қаламе, ки мағзи он бо сурб сохта мешавад.
2 Мистар – хаткаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё