Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Чанд рӯзе дар ҷаҳон, эй умр, меҳмонӣ бас аст,
Аз ҳусули муддао оҳи пушаймонӣ бас аст.
Орзуи ҷоҳ дорӣ гар зи нақши эътибор,
Ёди таъмири хаёлат хонавайронӣ бас аст.
Гаштӣ аз дарси камол имрӯз ғофил, мар туро
Ҳамчу ябруҳассанам1 як номи инсонӣ бас аст.
Чанд гӯӣ, к-аз тааллуқҳои имкон бигзарам?
Бигзарӣ гар аз ҷаҳон, як доманафшонӣ бас аст,
Гир дар роҳи талаб аз нақши пои ӯ сабақ,
Map туро ойинасон як чашми ҳайронӣ бас аст.
То куҷо хоҳӣ, к-аз ошуфтан ба ҷамъийят расам,
Аз тасаввурҳои зулфаш як парешонӣ бас аст.
Гар ҳамехоҳӣ, ки аспи хеш аз фарзин кунӣ,
Дар бисоти нарди ғам як дона гардонӣ, бас аст.
Дӯш аз себи занахдонаш гирифтӣ баҳрае,
Аз лаби лаълаш туро имрӯз хубонӣ бас аст.
То ба кай гӯӣ, ки хонам дафтари ушшоқро?
Аз китоби меҳнаташ як сатр агар хонӣ, бас аст.
Каъбаи байтуллаҳи фикри маро, Туғрал, кунун
Аз шикори сайди маъниҳо яке бонӣ бас аст!
1 Ябруҳассанам – мардумгиёҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё