Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз тапидан хона бар дӯши фано дорад ҳубоб,
Лангари киштӣ, ту гӯӣ, аз ҳаво дорад ҳубоб!
Дам ба дам аз шавқ чун девонаи дашти ҷунун
Аз шикати мавҷ занҷире ба по дорад ҳубоб!
Кас набошад дар тариқи ишқ муҳтоҷи далел,
Кай дар ин амвоҷ фикри нохудо дорад ҳубоб?
Ҷуз сабукборӣ набошад роҳати озодагон,
Пушт андар кӯҳ доим аз садо дорад ҳубоб!
Ҳар замон дар мотами ғафлдатпарастони ҷаҳон
Чун чароғи шоми ҳаҷрат гиряҳо дорад ҳубоб!
Зинҳор, аз нолаи ин зеру бам ғофил мабош,
Дар паси ойина чандин нағмаҳо дорад ҳубоб!
Ҳайрате дорам, ки Туғрал, баҳри як дам зиндагӣ Ин кулоҳи фахр бар сар аз куҷо дорад ҳубоб?!
Сунбул аз ошуфтагӣ зулфи кажат як печутоб,
Мусҳафи1 рӯи туам тафсир дорад сад китоб.
Юсуф аз шарми ҷамолат маҳви зиндон гаштааст,
Эй ҷамоли оламорои ту равшан з-офтоб!
Дар таманнои висолат дину дил бар бод шуд,
Оқибат дастам ба домони ту дар явмулҳисоб!2
Ҷоми май бо ғайр менӯшӣ, ту, эй раъно, чаро
З-оташи ҳасрат дилу ҷони маро созӣ кабоб!
Обутоби оразу зулфат надорад бӯстон,
Сунбулу гул ҳар ду аз зулфу рухат беобутоб!
Нест аз ишқат насиби ман ба ҷуз доғи фироқ,
Аз майи васли ту дар гетӣ нагаштам комёб!
Туғрал, аз акси ҷамолаш маҳви ҳайрат гаштаам,
То фиканд аз орази моҳи худ он дилбар ниқоб.
1 Мусҳаф – китоб, маҷмӯа, Қуръон.
2 Явмулҳисоб – рӯзи ҷазо; қиёмат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё