Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Зи худ бисёр дур афтодам аз маъниқариниҳо,
Маро сармашқи ҳайронист акнун мӯйи чиниҳо.
Тавон дар мазраи боғи ҷаҳон гул аз адаб чидан,
Ки сад хирман намои ҳосил аз ин хӯшачиниҳо.
Муроде, кай бувад ғайр аз тасаллибахши оромаш,
Набошад баҳра Лайлиро аз ин маҳмилнишиниҳо.
Зи шарми он, ки фардо маҳрами меҳри бутон бошӣ,
Ба шабнам ғӯта зан имрӯз аз хиҷлатҷабиниҳо.
Баланд афтода аз ноэътиборӣ эътибори ман,
Ки аз номам арақ гул мекунад аз бенигиниҳо.
Даме з-андешаи дил дар пайи сайди маонӣ шав,
Агар бошад расо фикри ту дар маъникаминиҳо.
Кунун ҷинси қумоши хешро, Туғрал, ба арз орам,
Муроде кай шавад ҳосил аз ин хилватгузиниҳо?!
Эй баҳори ноз, баҳри зинати гулҳо биё!
Сайри дарё орзу дорӣ, ба чашми мо биё!
Кардаам дур аз рухат тамҳиди сомони ҷунун,
Эй сувайдои диламро дофеи савдо, биё!
Аз вафо дорем ҳар дам орзуи мақдамат,
Ҳар буни мӯ чашми уммед аст, сӯи мо биё!
Кай бувад биме ба мо з-ин сустмағзони дағал,
Гар биёӣ ҷониби мо, сахт бепарво биё!
Дил зи ҳиҷрони ту ошуфтаст чун авроқи гул,
Марҳабо, эй ғунчаи ҷамъийяти дилҳо, биё!
Нест қонуни муҳаббат сози найранги дуӣ1,
Эй тани ман хоки поят, омадӣ, танҳо биё!
Эй хуш он мисраъ, ки, Туғрал, месарояд Бедиле:
«Ё маро аз худ бибар он ҷо, ки ҳастӣ, ё биё!»
1 Дуӣ – дугонагӣ, ду нафар, ду чеҳра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё