Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Умрҳо шуд, мезанам дар роҳи ишқаш гомҳо,
Рафтани ранг аст аз мо бастани эҳромҳо.
Эътибори мову ман аз нашъаи кайфи дил аст,
Фоли фурсат мезанад ҳар дам садои ҷомҳо.
Сурху зарди ин ҷаҳонро ҳоҷати иксир нест.
Инқилоби ранг дорад гардиши айёмҳо.
Дорад илҳоми тасаллӣ аз тапиш завқи дилам,
Шаҳпари Ҷабрил бошад шӯхии пайғомҳо.
Сайди қуллоби муҳаббатро раҳоӣ мушкил аст,
Хуни бисмил мечакад аз ҳалқаи ин домҳо.
Ҳеч кас дар даҳр аз ҷоми амал масрур нест,
Талхии заҳр аст яксар шарбати ин комҳо.
Чун саҳар халқи ҷаҳон кофур доранд дар нафас,
Пухтагӣ ҳаргиз набошад қисмати ин хомҳо.
Сад Фалотун аз раҳи ҳикмат намесозад илоҷ
Хушкии набзи ҷунун аз равғани бодомҳо.
Туғрал, аз овозаи ҳастӣ арақ гул кардаем,
Ҳосиле ҷуз шарм набвад бар нигин з-ин номҳо.
Агар ин аст бо хубони олам ошноиҳо,
Тавон кардан чу най фарёд аз дасти ҷудоиҳо!
Наёмад заврақи ман дар канори соҳили васлаш,
Ба баҳри ишқ ҳарчанде ки кардам нохудоиҳо.
Тавон дарёфт аз мазмуни ман кӯтоҳии фикрам,
Ки нахлашро масал кардам ба шамшод аз расоиҳо.
Ба рӯи хеш то кардӣ дучор ойина, ҳайронам,
Ки ҷавҳарро намезебад ҷило аз худнамоиҳо!
Вафо чун умри ман, эй бевафо, ҳаргиз намесозӣ,
Магар аз умр омӯзӣ ту расми бевафоиҳо?!
Ба хок орам ба зӯри панҷаи гуфтор ағёрат,
Агар дар ишқи ту бо ман кунад зӯрозмоиҳо!
Биҳамдиллаҳ, ки бо дайри1 муҳаббат муршидам,
Туғрал,
Ба май олуда кардам пираҳан аз порсоиҳо!
1 Дайр – ибодатгоҳи насрониён ва зардуштиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё