Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Эй зи рухсори ту гул шарманда дар гулзорҳо
В-аз хиромат обро занҷири ҳайронӣ ба по.
Дам ба дам сӯи ту қуллоби муҳаббат мекашад,
Ҷуз далели ишқ набвад кас ба сӯят раҳнамо.
Нест ғайр аз мадди оҳи худ асои дигарам,
Қоматам шуд зери бори меҳнати ишқат дуто.
Ман шаҳиди теғи ҳаҷрам, сӯи ман гоме бизан,
Кош аз хунам бувад андар кафи поят ҳино.
Дар тариқи ишва рафтори ту дастуруламал,
Дар сулуки фитна ойини ту сармашқи ҷафо.
Гар нишинӣ, пеши рӯят фитнаҳо пайдо шавад
В-ар хиромӣ, ҳар тараф ошӯб хезад аз қафо.
Ҳар нафас аз шавқ бе тақйиди ойини адаб
Тоири наззора созад ҷониби кӯят ҳаво.
Кӯр беҳ, чашме надорад сурма аз гарди раҳат,
Кист дар олам, насозад хоки поят тӯтиё?
Кай бувад имрӯз дар олам касе аз ошиқон
Зери бори ишқи ту монанди ман саброзмо?
Пардаи зеру бами қонуни мизроби ҷунун
Карда з-оҳанги фироқат сози «Ушшоқ» аз «Наво».
Метавон дарёфт сози роҳати озодагон
Аз тирози остини шоҳ нақши бӯриё.
Боргоҳи фақр кам аз маснади Фағфур нест,
Аз шикасти чинӣ меояд ба гӯшам ин садо.
Эй хушо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае:
«Хуфта дар хуни шаҳидат ҷӯши гулзори бақо».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё