Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шӯхи бебоке, ки карда хонаи мардум хароб,
Теғи абрӯяш барои қатли ман дорад шитоб.

Монӣ аз баҳри ҳавои сурати зебои ӯ
Чун фалак саргашта афтодаст то явмулҳисоб.

Сӯхт мағзи устухон дар синаам аз ишқи ӯ,
Кишвари дилро бувад аз дасти ҳусни ӯ азоб.

Он қадар килки қазо нозид ҳангоми рақам,
К-аз миёни хубрӯён то туро кард интихоб.

Лола аз доғи таманнои баҳори оразат
Кард дар саҳрои хиҷлат хаймаи ҳасрат таноб.

Дидаам хубони оламро, вале монанди ту
Не ба ҳушёрӣ бидидам, не ба мастӣ, не ба хоб!

Ёди он фурсат, ки бар рӯи ту ҳангоми саҳар
Аз сиришки ашки гулгун мезадам ҷои гулоб!

Навбаҳори оразатро дод равнақ гиряам,
Зинати гулзор бошад доим аз рашҳи саҳоб1.

Чок зад ҷайби қабои хеш гул андар чаман
З-инфиъоли рӯи ту чун ҷайби масте аз шароб.

Офтоби ховарӣ аз шарм афтад дар кусуф,
Гар зи рӯи худ кашад он шоҳиди мавзун ниқоб.

Туғрал, аз мавҷи хаёли ман муаммои дақиқ
Мешавад берун ба фикри том чун дурри хушоб.

1 Рашҳи саҳоб – обе, ки аз дидаи абр биборад.

пешина
аз 312
навбатӣ