Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мураттибони асар – адабиётшиносон Тӯрақул Зеҳнӣ ва Садрӣ Саъдиев ба хотири самарқандиаҷдод будани Туғрал номбурдаро ҳам ба ин муҷаллад ворид намуда, дар боби шарҳи ҳолу мероси адабияш гуфтори мавҷударо ҷамъбаст кардаанд ва як ғазали шоирро пешкаши хонанда намудаанд, ки он ҳам дар туғралшиносӣ қадаме ба пеш аст.
Минбаъд намунаҳои осори Туғрал дар маҷмӯъаву маҷаллаву рӯзномаҳои мухталифи тоҷикӣ ва дар ҷилди панҷуми тазкираи «Гулшани адаб» (Душанбе, 1978) интишор ёфта, дар мақолаҳои ҷудогонаи академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Аҳрор Мухторов, Расул Ҳодизода ва адабиётшиносон Бузург Олимов, Саидумар Султонов, Нақибхон Шарифов, дар қисмати обзории китобҳои дарсии таърихи адабиёти тоҷик ва мавориди зарурии чанде рисолаҳои тадқиқотӣ ба паҳлӯҳои мухталифи рӯзгору осори суханвар дахолат шудааст, ки ҳамагӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи ин симои нуронии адабиёти бостонии тоҷик заминаи мусоиде фароҳам овардаанд.
Баъдан, соли 1986, мунтахаботи ашъори шоир таҳти унвони «Гиёҳи меҳр» (Душанбе, «Ирфон») дар дастраси умум қарор гирифт, ки муаллифони дебоча («Шамъи маҳфили шеър») ва мураттибони матну шарҳу тавзеҳоташ Абдулҳамид Пӯлодов ва Асрор Раҳмонов мебошанд.
Бояд афзуд, ки мунтахаби номбурда дар заминаи «Дафтари мусаввадаи ашъори Мирзо Нақибхони Туғрал» (маҳфуз дар китобхонаи хусусии шодравон Абдулҳамид Пӯлодӣ), тазкираҳои номбурда, китобҳои мунташира ва баёзу варақаҳои гуногуни хаттӣ мураттаб гардида, бо мададу мусоядату ибтикори бевоситаи фозилони муҳтарам Муҳаммад Осимӣ, Холмурод Шарифов ва Аълохон Афсаҳзод рӯйи чоп омадааст ва, табиист, ки ашъори бештари шоирро фароҳам оварда, ҳусну қубҳаш аз ҷониби донишмандони соҳа баён гардидааст.

пешина
аз 312
навбатӣ