Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар бобати ба таври мукаммалу муфассалтаре шиносонидани Туғрал ба хонандаи муосири тоҷик ҳиссаи донишманди тоҷик Носирҷон Маъсумӣ (1915-1974) беназир аст. Ӯ соли 1961, ҳамроҳи адабиётшиноси номии тоҷик Муҳаммадҷон Шукуров (1926-2012) тавассути моҳномаи «Шарқи Сурх» (№ 12), намунаҳое аз ашъори Туғралро ба табъ расонд, ки аз бӯстони бехазони осори ҳунарвар нахустин гулдастаи мукаммалу муаттаре барои хонандаи тоҷик буд. Ба кӯшишу заҳмати ин олими шодравон баъдтар, соли 1964, қисмати асосии осори Туғрал зери унвони «Мунтахаботи ашъор» тавассути нашриёти «Ирфон» аз чоп берун омад. Бо вуҷуди бархе камбудҳо дар сарсухан ва чанде норасоӣ дар матни ашъор, нашри мазкур шомили се ҳадафи нишонрас аст:
аввалан, ба василаи он бори аввал ашъори малеҳи Туғрал дар дастраси ташнагони шеъри тари шоири ҳассос қарор гирифт; дувум, дар дебочаи маҷмӯа, ки «Туғрал ва муҳити адабии ӯ» ном ва ба қалами Носирҷон Маъсумӣ тааллуқ дорад, ҷараёни рӯзгору мушаххасоти осор, фарозу нишеби афкору хусусиёти сабку усули эҷодкор ба таври муфассалу мудаллал рӯнамо шудаанд ва дебочаи мазкур алҳол ба ҳукми ягона рисолачаест дар боби рӯзгору осори Туғрал; савум, мураттиби мунтахаб ёддошти чанде аз ҳамзамону ҳамсуҳбатони шоирро зери унвони «Хотирот дар бораи Туғрал» ба китоб илҳоқ намудааст, ки ҷамъан дар роҳи таҳқиқу тадқиқи ҳамаҷонибаи ҳаёту фаъолияти эҷодии Туғрал ҳукми сарчашмаеро хоҳанд дошт. Аммо дар тадқиқоти илмии оянда, чунонки академик Абдулғанӣ Мирзоев дар вақташ дуруст таъкид карда буд, аз ин хотирот эҳтиёткорона, мӯшикофона ва дақиқназарона, ҳатто ба назари сахти танқиду қиёс, истифода бояд бурд, зеро дар матни хотираҳо хатоҳои ҷиддии мантиқию таърихию илмӣ роҳ ёфтаанд.
Соли 1973 нашриёти «Ирфон», ба муносибати 2500- солагии шаҳри бостонии Самарқанд, маҷмӯъаи «Суханварони сайқали рӯйи замин»-ро аз чоп баровард, ки як навъ тазкираи мукаммалу муфассали шуарои самарқандии давру замонҳои гуногун аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё