Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҒАЗАЛИЁТ

Ғами ту, то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,
Ба ҷуз рӯи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо!

Хаёлам дар шаби зулфат равад ногаҳ ба айёрӣ,
Ба шаҳристони ҳуснат наргиси мастат асас1 бодо!

Чу фарзин муҳраи ишқи туро ҳар кас, ки каҷ бозад,
Агар шаҳрух бувад, сад фили ӯ зери фарас бодо!

Ба роҳи ишқ бандад сорбони шавқи ман маҳмил,
Қумоши нолаи дил ноқаи ӯро ҷарас бодо!

Фалак рӯзе мабодо созад аз банди ғам озодам,
Каманди ҳалқаи зулфи ту он дам додрас бодо!

Агар хуршед дар пешат занад лоф аз дами хубӣ,
Ба гӯши мурғи анқо ҳамчу овози магас бодо!

Зи боғи назм Туғрал ҷуз гули мадҳи ту гул чинад,
Ҷазои ӯ ба сад хорӣ чу булбул дар қафас бодо!

1 Асас – посбон.

Ба ҷуз аз нотавониҳо агар бурдӣ ту роҳ он ҷо,
Садои кӯси навбат зан зи моҳӣ то ба моҳ он ҷо!

Агар раҳмат ҳавас дорӣ, умед аз ғайр кӯтаҳ кун,
Ки ғайр аз лутфи ӯ набвад дигар пушту паноҳ он ҷо!

Дар ин ҷо кори худ кун, дастгоҳи бандагӣ дорӣ,
Ки аз дастат намеояд дигар ин дастгоҳ он ҷо!

Шафеъе нест ҳаргиз бо ту ғайр аз шабнами хиҷлат,
Ба ҷуз ҷӯши арақ дигар набошад узрхоҳ он ҷо!

Шарар дар миҷмари дил з-оташи шавқи муҳаббат зан,
Ки сӯзад хирмани сад ҷурмро як барқи оҳ он ҷо!

Ба ғайр аз лутфи Ҳақ дигар набошад дастгири ту,
Агар сад бор сӯйи дигаре орӣ нигоҳ он ҷо!

Махур ҷоми фиреби базми ҳасратхонаи олам,
Ки яксон аст дар маснад гадову подшоҳ он ҷо!

Намепурсад ба ҷуз бори гунаҳ кас аз раҳовардат,
Набошад армуғоне беҳтар аз рӯйи сиёҳ он ҷо!

Дар ин бозори ибрат арза деҳ сомони исёнат,
Ки ҷӯшад муштарӣ андар сари бори гуноҳ он ҷо!

Барои ҳосили имкон ғурури мову ман то кай?!
Агар бишкастӣ нафси худ, шикан тарфи кулоҳ он ҷо!

Чӣ хуш гуфтаст, Туғрал, ҳазрати баҳри суҳан Бедил:
«Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо…»

пешина
аз 312
навбатӣ