Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хулоса, ашъори дилангезу рӯҳпарвари суханвари тамомиёр Туғрали Аҳрорӣ шарики ғаму шодии мардуми тоҷик гардида, мисли «Шаҳрошӯб»-е дар саросари Осиёи Миёна интишору эътибор ёфтаанд. Ҳанӯз дар замони зиндагии шоир овозхонони номӣ Ҳоҷӣ-Абдулазиз, Левихони Яҳудӣ, Ҳасани Ҷӯҷа, Қорӣ-Яъқуб, Камол-Ака, ки шахсияту эҷодиёташро ба хубӣ медонистанд, ғазалиёти намакини ӯро дар зери навою ғино замзама мекарданд. Оҳиста-оҳиста ғазалиёти беҳтарини Туғрал ба «Шашмақом» ворид гаштанд ва минбаъд ҳам мақомхонони машҳури тоҷик – Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон бо майлу рағбати тамом онҳоро месуруданду месароянд. Оре, Ҷовид бодо ашъори Туғрал,
Чидаст гавҳар аз маъдани субҳ!

Асрори РАҲМОНФАР
Душанбе, 10.11. 2014

пешина
аз 312
навбатӣ