Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МАСНАВИЕ
чанд дар хусуси табъи девон ва мӯҷиби
чопи он ва зикри аҳбобу дӯстони соъӣ ва
ҳар як аз алқобу номи эшон

Эй ки туро ҳушу хирад раҳбар аст,
Гӯш бикун, ҳуш гарат бар cap аст.
Як-ду сухан аз паи такмили чоп
Бо ту бигӯям ба тариқи ҷавоб:
Ман, ки кунун Туғрали Аҳрориям,
Шуҳраи халқам, зи ҳунар ориям.
Гарчи маро ном бувад дар заман,
Нест зи ман хор ба мулки сухан!
Шеваи ман гарчи бувад шоирӣ,
Аз адабу фазлу камолам барӣ.
Бо ҳама ин оҷизию нокасӣ
Ҷамъ аз ин боғ намудам хасе.
Чидани гул гар набувад дастрас,
Суд бувад чидани ҳар хору хас.
Ман, ки дар ин боғ шудам хоркаш,
Хор бувад дар назарам хубу х(в)аш.
Нарх бувад гар гули гулзорро,
Муфт набахшанд ба кас хорро.
Гарчи гарон аст баҳои гуҳар,
Ҳаст харидори хазаф ҳам дигар.
Ман хазафи худ надиҳам бе баҳо,
Гар найӣ толиб, набувад моҷаро.
Ман ҳам аз ин шева пушаймон наям,
Мӯрам, агарчанд Сулаймон наям.
Мӯрсифат донаи маънӣ кашам,
Соф агар нест иёри ғашам.
Ҷамъ намудам сухани хешро,
Пас шудаам з-он кутуби хешро.
Хостам ин нусха ба матбаъ диҳам,
Бар сари дебочааш афсар ниҳам,

пешина
аз 312
навбатӣ