Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Аз он май, ки одам кунад хокро,
Уруҷаш занад таъна афлокро.
Аз он май, ки булбул кунад зоғро,
Аз он май, ки оташ кунад доғро.
Аз он май, ки як қатра афтад дар об,
Бурун ояд аз об сад дурри ноб.
Ба ман деҳ, ки дар гӯши маънӣ кашам,
Иёри сухан кун ба май аз ғашам.
Ба қонуни мастӣ бигӯям сухан,
Басе тоза созам ҳадиси куҳан.
Гум аз хат лаби ҷому соғар кунам,
Лаби нома аз рашҳи ӯ тар кунам.
Ба пири харобот гӯям сано,
Ки набвад ба ҷуз ӯ дигар раҳнамо.
Ба роҳе, ки поёни ӯ ӯ бувад,
На роҳе, ки роҳам ба ҳар сӯ бувад.
Бидон, роҳи роҳам намояд агар,
Сазад, пойи худро кунам ман забар1.
Расам то ба базми ҳарими ҷалол,
Хушо ламъае2 бинам аз он ҷамол.
Зи ҳастӣ саропо мубарро шавам,
Дигар қатраам, маҳви дарё шавам.
Сухан то куҷо, Туғрал акнун бас аст,
Ки гар маҳрами рози маънӣ кас аст.
На ин ҷо мақоми сухан гуфтан аст,
Ки ин дур куҷо лоиқи суфтан аст?!
Туро нохуни дахли ин тор нест,
Дар ин боргаҳ ҳар киро бор нест.
Дар ин боғ чун гул ту макшой лаб,
Ба қуфли даҳон зан ту мӯҳри адаб!
1 Забар – боло ва низ ҳаракати фатҳа.
2 Ламъа – шуъла, партав.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо