Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ба жӯлидамӯёни гулханнишин,
Ба афсурдатабъони ҳайратгузин,
Ба дилдодагони сукути фано,
Ба ошиқнажодони саброзмо,
Ба фаввораи оҳи маҷнунвашон,
Ба туғёну дарди дили ғамкашон,
Ба бебокии тири ҷайби ҳадаф,
Ба шӯхии фарзанди батни садаф,
Ба озодии қомати норван,
Ба дилҷӯии орази настаран,
Ба дебочаи дафтари ошиқон,
Ба сатри китоби лаби лабхатон,
Ба чоки гиребони мастони шавқ,
Ба мавҷи маю, шӯри тӯфони шавқ,
Ба аҳли хароботи риндони маст,
Ба махмури ҳушёри соғарпараст,
Ба хуни шаҳидони теғи ҷафо,
Ба ҷонбозии ошиқон дар вафо,
Ба бесабрии шабнами чашми тар,
Ба бетоқатӣ, мадди оҳи саҳар,
Ба парвози шаҳбози фикри хаёл,
Ба садди маонии гавҳармисол,
Ба ҳалли муаммои сарбастагӣ
Ба мазмуни мисроъи барҷастагӣ,
Ба гулгунруъофии алфи қалам,
Ба ширинзабонии асрори шам1,
Ба чашми ғизолони куҳсоргард,
Ба мижгони оҳуи саҳронавард,
Ба Маҷнуни дашту биёбони ғам,
Ба Фарҳоди кӯҳи ҷафову ситам,
Ба Лайлию Ширини боғи ҷамол,
Ба зебоии Юсуфи бемисол,
Ба хилватнишинони кунҷи ҳарам,
Ба афсурдагони бисоти адам,
1 Шам – аз решаи шамидан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо