Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
ТАСДИҚОТ
Ба саҳбои хумхонаи кибриё,
Ба кайфий яти ҷоми ваҳдатнамо,
Ба асрори зоти Худойи аҳад,
Ба осори васфи сифоти самад1,
Ба такмилсози ҳама кӯтаҳӣ,
Ба лабрезори сабӯи тиҳӣ,
Ба рифъатгузини бисоти фалак,
Ба дорандаи аз само то самак,
Ба созандаи пардаи субҳи чок,
Ба орандаи сабза дар ҷайби хок,
Ба рӯйе, ки мусҳаф бувад номи ӯ,
Ба холе, ки ҳинду бувад роми ӯ,
Ба мӯйе, ки олам муаттар кунад,
Ба бӯйе, ки ӯ таъни анбар кунад,
Ба мастони аз бодаи сармадӣ,
Ба бадри рухи чеҳраи аҳмадӣ,
Ба чашму ба куҳлу ба мозоғи ӯ,
Ба гулҳое аз гулбуни боғи ӯ,
Ба саббобаи2 ӯ, ки маҳ шуд дуним,
Ба ҷойи Муҳаммад ба доли ду мим,
Ба сидқи Абӯбакру адли Умар,
Ба Усмон, ки нахлаш ҳаё дод бар,
Ба шоҳи шуҷоат ҳужабри Алӣ,
Ба асҳоб, бо хонадони валӣ,
Ба зикри суроҳӣ, дуои қадаҳ,
Ба Тоҳову Ёсину «инно фатаҳ»,
Ба мулки Сулаймону деву парӣ,
Ба тахту нигину ба ангуштарӣ,
Ба Айюби сабру ба Яъқуби ғам,
Ба Мӯсову Туру ба Исову дам,
1 Самад – пок ва яке аз асомии Худо.
2 Саббоба – ангушти ишорат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо