Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Туғрали ман туғрали чархошён.
То хазон тороҷ созад боғро,
То ҳамал равнақ физояд бӯстон,
Нагзарад аз боғи умрат ҷуз баҳор,
Нашкуфад аз шохи хасмат ҷуз хазон!
Давлатат бодо ҷавону ақл пир,
То бувад андар ҷаҳон пиру ҷавон!
Бе ғаму кулфат ба тахти хусравӣ
Дер мону дер мону дер мон!
ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ШОҲ
Подшоҳо, давлатат ҷовид бод,
Рӯзгорат ҳамчу рӯзи ид бод!
Ахтари фоли муродат Муштарӣ,
Мутриби базми хушат Ноҳид бод!
Орази хасмат чу рухсори Зуҳал,
Чеҳраи бахти ту чун Хуршед бод!
Ҳар куҷо гар сарсари қаҳрат вазад,
Душманатро дил чу барги бед бод!
Қалби аъдоят чу шом аз ғам сияҳ,
Рӯйи аҳбобат чу субҳ испед бод!
Ҳар кӣ ҷуз бар ройи ту коре кунад,
Қалъаи андешааш тамрид бод!
Ҳар кӣ аз амрат қадам берун ниҳад,
Аз салосил пош дар тақйид бод!
Обу ранги дину миллат баъд аз ин
Дар замони давлатат таҷдид бод!
Бар сари аъдои дин шамшери ту
То абад пайваста мустаҳнид бод!
Дар мазоқи ҳар кӣ бадхоҳи ту аст,
Заҳри ғам то ҳашр бетасъид бод!
Гармии хосийяти табъи асал
Дар мизоҷи фосидаш табрид бод!
Подшоҳе, к-ӯ ба фармони ту нест,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо