Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар яке монандаи пили дамон.
Туъмаи тират ҳама рӯзи набард
Чун ҳумо бошад зи мағзи устухон.
Зӯри бозуйи далерони туро
Душманат он дам, ки хоҳад имтиҳон,
Нест лойиқ дархури савдои ӯ,
То магар таслим созад нақди ҷон.
Пеши қаҳрат талхии заҳри аҷал
Хуштар аст аз шаккари Ҳиндустон.
Теғи хунрезе агар гирӣ ба каф,
Гум шавад афсонаи Чингизхон.
Бар сари душман сипоҳат аз ғазаб
Он кунад-маҳтоб созад бо катон.
Аз русуми адли ту кабки дарӣ
Дар фаши шаҳбоз дорад ошён.
Мулки оламро дарат ҳаблулматин,
Илми ғайбиро каломат тарҷумон.
Сайри боми қасрат ар хоҳад Зуҳал,
Сад ҳазорон сол созад нардбон.
Сад ҳазорон соли дигар ҷон канад,
То расад бар зурваи он остон.
Ёфт зинат маснади шоҳӣ зи ту,
Ҳамчунон к-аз ҷирми Хуршед осмон.
Номи хоқонӣ туро хатм асту бас,
Шоҳи шатранҷанд дигар хусравон.
Хатм шуд шоҳӣ туро, бо ман сухан,
Ҳамчу пайғамбар, ки дар охирзамон.
Хусраво, имрӯз дар даври фалак
Нест чун ман шоири ширинзабон.
Дар Самарқанди чу қанд акнун манам
Ифтихори зумраи Аҳрориён.
Мерасад аслам ба Аҳрори Валӣ,
Дудаи ман бошад аз ин дудмон.
Ман, ки суфтам гавҳари назми туро,
Бар сарам, шоҳо, ту ҳам гавҳар фишон!
Ин замон дар авҷи маънӣ туғралам,

пешина
аз 312
навбатӣ