Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҷуз Худованд нест ёри муъин.
Оҷиз аз рафтанам вагар накунам,
Хоки даргоҳи шоҳро болин.
Шарҳи аҳволи худ туро кардам
Аз карам кун вазифае таъйин,
То бихонанд дар ҳама олам
Сураи Каҳфу сураи Ёсин.
Бод асҳоби Каҳф ёр туро,
То бувад дар ҷаҳон шаҳру синин1.
Дили хасми ту бод чун маҳи дай,
Хотиратро мизоҷи фарвардин!
ҚАСИДА ДАР МАДҲИ ШОҲ
Хусраво, мулкат фузун бод аз ҷаҳон,
Тобиъи амрат замин, ҳам осмон!
То нишастӣ бар сарири салтанат,
Ҷуз ба фармонат нагардад осмон.
Хоҳиши тақдир маҳкуми ту шуд,
Баъди Ҳақ ҷуз ту набошад ҳукмрон.
Роятат ҳар ҷо барафрозад алам,
Бишканад қалби ҳама зиафсарон.
Меҳвари гардун таноби хаймаат,
Камтарин аз роҳи қадрат Каҳкашон.
Бо асоси салтанат ойӣ бурун,
Бигзарад фарқат зи фарқи фарқадон.
Қиблаи олам, имоми пешво,
Хусрави панҷум, шаҳи соҳибқирон.
Бар дарат,эй шоҳи Афридунҳашам,
Ҷабҳа сояд Рустами кишварситон.
То сулуки адл ойини ту шуд,
Бартараф шуд шуҳрати Нӯшервон.
Бо ҳазорон чашм аз шаб то саҳар
Даргаҳатро чарх бошад посбон.
Баста муҳкам аз барои хидматат
1 Синин – солҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо