Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гашта меҳмон ба хонаи шоҳин.
Накунад ғайри андалеб фиғон,
Дар замони ту, эй шаҳаншаҳи дин.
Осмон гуфт, мерасад сари шоҳ,
Гашт пинҳон ба сайф аз он Парвин.
Қуллаи хасмро ба хок орӣ,
Гар бувад сад ҳазор ҳисни ҳасин1.
Подшоҳо, зи хидматат дурам,
Шоҳбайти ту мекунам тазмин.
Чун сарам бар сипеҳр менарасад,
Ки маро мадҳи ту бувад ойин.
Бо дами теғи ту забони маро,
Хусраво, нисбате бувад ба яқин.
Ӯ ба сафват ҷаҳон кунад тасхир,
Ин ба қувват макон кунад рангин.
Ӯ ба ҷиддат сари адӯ буррад,
Ин бигӯяд ҳадис аз такфин.
Бар сари душман ӯ агар тозад,
Бе таваққуф бигӯяд ин омин!
Ӯ дили хасмро ҳадаф созад,
Ин бигӯяд, ки рафт дар Сиҷҷин2.
Ман намегӯям, ин забони ман аст,
Теғи шоҳ асту лек теғи чунин.
Шаҳрёро, манам, ки мадҳи туро
Бар ҳама халқ мекунам талқин.
Суханам ҳамчу гавҳару дурр аст,
Назди мардум кам аз хазаф лекин.
Нест кас, то шиносад ашъорам,
Поймуздаш бигӯядам таҳсин.
Ман, ки дар баҳри назм ғаввосам,
Мекашам гуна-гуна дурри самин.
Гавҳари ман ба тоҷи шоҳ сазад,
Тоҷро аз гуҳар бувад тазйин.
Дар Самарқанду дар Бухор маро

1 Ҳасин – устувор.
2 Сиҷҷин – водие дар ҷаҳаннам.

пешина
аз 312
навбатӣ