Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ларза дар андоми моҳӣ гар фитад, набвад аҷаб,
Гар ба разм ояд бурун ҳангоми қатлу гирудор.
Ҷумлаи аҳли халоиқ дар замони давлаташ
Пайрави шаръи набӣ аз рӯйи амри кирдгор.
Аз наҳеби савлаташ хасми дижам1 андар адам
Пеш аз он ояд ба олам дар таманнои фирор.
Лутфи ӯ аз шафқати модар фузун атфолро,
Талхии заҳри аҷал аз қаҳри ӯ беэътибор.
Аз суруши ғайб дӯшам муждае омад ба ман
Баҳри мадҳи хусрави одил, шаҳи гардунмадор.
Мешунидам, ҳотифе мегуфт дар гӯшам ниҳон:
Шоҳро мадҳе намо! Бо хеш кардам ифтихор.
Ман куҷову мадҳ кардан подшоҳеро, ки ӯ
Аз ҷабинсойӣ ба даргоҳаш фалакро нест ор?
Бо вуҷуди он ки нуҳ гардун варо як поя аст,
Васфи ӯ н-ояд зи ман гуфтам, вале беихтиёр.
Варна натвонад адо кардан сифоти офтоб,
Сад забон орад чу савсан зарраи беиқтидор.
Кай ба поён оварад хаффош васфи нурро?
Инчунин андар ҳадиси меҳр шабнамро чӣ кор?
Бандаам, дасти дуо, рӯи ниёз овардаам,
Чашмдорам аз карам, аз лутфи шаҳ уммедвор.
Тору пуди риштаи асли ман аз Аҳрорӣ аст,
Номи беномист бо ман Туғрали маҳзуни зор.
ДАР ҶАВОБИ ҚАСИДАИ ҲАКИМ ҚООНИИ ШЕ-
РОЗӢ
Соқӣ, қадаҳ лабрез кун з-он май, ки туғён парварад,
Мастӣ фазояд, ғам барад, шодӣ диҳад, ҷон парварад
Майхонаро дар боз кун, соғаркашӣ оғоз кун,
Дилро ба май дамсоз кун, сад гуна алҳон парварад!
Аз бодаи гулгун ба ман саршор деҳ дар анҷуман,
1 Дижам – андӯҳгин, парешон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ