Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
То гӯям аз мастӣ сухан, гуфтори Ҳассон парварад.
Дар зери сарву пои ҷӯ, ваҳ-ваҳ, чӣ хуш бошад сабӯ!
Кардаст бар дил ғам ғулӯ, май деҳ, ки фарҳон парварад!
Фасли баҳор ояд ҳаме, гул дар канор ояд ҳаме,
Савти ҳазор ояд ҳаме, з-он рӯ ки афғон парварад!
Гулшан зумуррадфом шуд, вақти майи гулфом шуд,
Майли ҳама дар ҷом шуд, гар соқӣ эҳсон парварад.
Иҳмол1 орӣ то ба кай, умрест махмурам зи май,
Фарёд месозам чу най, к-аз най найистон парварад!
З-он май, ки рӯҳафзо бувад, гунг ар хурад, гӯё шавад,
Як ҷуръа дар дарё шавад, сад дурри ғалтон парварад!
Дар дил чаконӣ, ҷон шавад, куфр ар хурад, имон шавад,
Нӯшад малак, ҳайрон шавад, авроди субҳон парварад!
Усфурро анқо кунад, ҷуҳҳолро доно кунад,
Амвотро эҳё кунад, Исосифат ҷон парварад!
З-ӯ мӯр аждарҳо шавад, симурғро аз ҳам дарад,
Чун бар сари анқо давад, ҳукми Сулаймон парварад!
Гул бишкуфад аз накҳаташ, Кавсар хиҷил аз ҳайаташ,
Оби ҳаёт аз лаззаташ дар торикистон парварад.
Дар дил фазояд шӯру шар, савдо барандозад зи cap,
Резад фурӯ ҳамчун матар2, гавҳар ба найсон парварад!
Як қатра афтад дар замин, гардад замин дурри самин,
Нӯшад агар Рӯҳуламин, ахбори Яздон парварад!
Дилро зиёву нур аз ӯ, танро саросар зӯр аз ӯ,
Моно, ҷамоли ҳур аз ӯ, дар хулд ризвон3 парварад.
Ғамро барандозад зи дил, з-ӯ оби ҳайвон мунфаъил,
Саққои Кавсар з-ӯ хиҷил, зеро ки эҳсон парварад!
Аксаш агар дар куҳ фитад, беҷодаву гавҳар дамад,
Ҳамчун Бадахшон то абад лаъли дурахшон парварад!
Дар кишвари мулки бадан ҷуз май набошад таҳматан4
Ҳар қатрааш дурри Адан, сад ранги алвон парварад!
1 Иҳмол – сустӣ; саҳл шумурдан.
2 Матар – борон.
3 Хулду ризвон – номи боғҳои биҳишт.
4 Таҳматан –Таҳамтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ