Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сарв ҳамчун қомати мино ба саҳни бӯстон,
Навҳаи қумрӣ ба ойине, ки шӯри майгусор!
Саҳми боғ андуд фарроши сабо дар субҳдам,
То нишинад гард аз по, гиря зад абри баҳор!
Андалеб орост оҳанге зи девони висол
В-аз фурӯғи рӯи гул гардид гулшан пуршарор.
Меваи шодӣ ба бор оварда гулзори тараб,
Шохи ҳар нахле дусад гул, ҳар гулеро сад ҳазор;
Сатҳи ғабро1 чун пари тӯтӣ саросар сабз шуд,
Соқӣ, дар ҷоми зумуррад бодаи гулгун биёр!
Хусрави гетиситон Саййидамир Абдулаҳад
Ҳомии шаръи мубин, шоҳаншаҳи мулки Бухор.
Бошад андар осмони салтанат тобанда меҳр,
Офтоби аҳли олам, сояи Парвардгор.
Маркази паргори дониш, ҳукмрони мулки дин,
Ахтари бурҷи адолат, Кайқубоди рӯзгор.
Кист зоташ? Тавъамон бо тоҷу тахти салтанат,
Чист адлаш? Баррае бо каргас андар марғзор.
Кай аҷаб бошад ба аҳди давлати Дорои дин,
Обу боду хоку оташ ҷамъ оянд ҳар чаҳор.
Бо набӣ хатми набувват, бо ту хатми салтанат,
Дини ӯ то бод, бодо бо ту давлат барқарор!
Резачини хони даргоҳи варо бо даргаҳаш
Резачинӣ карда чун Ҷамшеду Ҳотам бешумор.
Гарна румҳи ӯ набошад муъҷизи дасти Калим
Аз чӣ ҳангоми масофи ӯ шавад чун аждаҳор?
Гар набошад хотами дасти Сулаймон бар кафаш,
Чист фармонаш баранд деву парию мӯру мор?
Ҳар тараф рӯ оварад «насрун миналлоҳ» аз ямин,
Гар ҷаҳонгирӣ кунад «фатҳан қарибан» аз ясор.
Теғи хунрезаш ба каф бинӣ ба ҳангоми набард,
Зоти ӯ моно Алӣ, шамшер-ш гӯйӣ Зулфиқор.
Кӯҳпайкар, бодапаймо ашқаре, к-ӯро ба зер
Дар маҳалли разм ояд кӯҳро кӯҳе савор.

1 Ғабро – замин.

пешина
аз 312
навбатӣ