Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Шабнами авҷи тараб об зада саҳни боғ,
Дидаи наргис шуда маҳви раҳи интизор.
Муғбачаи боданӯш, аз чӣ нишинӣ хамӯш?!
Мавсими гул даррасид, ваҳ, чӣ хуш аст сабзазор!
Духтари разро барор аз ҳарами хум ба базм,
То ки ба домони айш ақд кунем ошкор!
Гашта муҳайё тараб, соқии гулгунсалаб,
Соз қадаҳ лаб ба лаб, то барад аз дил ғубор!
Давлати Доро магӯ, асри Фаридун маҷӯ,
Юсуфи мисрӣ мапӯ, гашта ҳама хоксор!
Маҷлиси Ҷамшед дон, базми Сикандар бихон!
Лола шуда ҷоми май, ойина рухсори ёр!
Даври маҳи оразаш силсилаи зулфи ӯ,
Карда ба ҳам иҷтимоъ меҳр ба лайлу наҳор.
Давраи мо ҳамчунон силсилаи кокулаш,
Лозими бутлон магар ҳеч надорад қарор?!
Мутриби барбатнавоз, барбати худ соз соз,
Соз зи cap гир боз, нағма бурун кун зи тор!
Хезу ба ёрон бидеҳ бодаи сарҷӯшро,
Навбати Туғрал расид, дурд ба ӯ даргузор!
ТАШБИБИ ҚАСИДА
Соқиё, лабрез кун паймона, омад навбаҳор!
Май хуш аст он ҷо, ки бошад хоса андар сабзазор!
Мужда, эй соқӣ, ки домоди тараб дар боғ шуд,
Наварӯси бодаро аз пардаи иффат барор!
Бода даркаш аз хумистоне, ки эҳсон парварад
Чун шуъои шамс яксон дар ҷиболу дар биҳор!
Ғунча хандид аз насими субҳ дар тарфи чаман,
Лола бо доғи тараб биншаст андар кӯҳсор!
Ҷаннатосо гашт гулшан аз ҳуҷуми займурон1,
Ақҳавонро дида чун наргис ба роҳи интизор.
Бар сари сунбул парешон гашта аз боди саҳар,
Ҳамчунон з-ороиши машшота ҳар сӯ зулфи ёр.
1 Займурон – гиёҳи хушбӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ