Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳли каломе, ки ба асри туанд,
Суннати пешин на дигар з-ин адост.
Баски дар ин аср бузурги ҳама
Ҳазрати ваҳҳоҷи1 асолатпаност.
Камтарин аз камтари маддоҳи ту
Туғрали Аҳрории рангиннавост.
Бод туро давлати насруллаҳӣ,
Хатм ба номи ту кунун ин дуост.

ҚАСИДА

Соқӣ, ба фасли рабеъ бодаи гулгун биёр!
Чанд тағофул кунӣ?! Мегузарад навбаҳор!
Аз чӣ нишинӣ ҳазин?! Ҳаст аҷал дар камин,
Боби муғон боз кун, вақт ғанимат шумор!
Нест туро аз қазо хатти амонӣ ба умр,
Гардиши гардуни дун ҳаст басе бемадор!
Соқии баҳри сахо, даври ту омад, ба мо
Лутфу тараҳҳум намо бо қадаҳи майгусор!
Ёсуману настаран руста ба саҳни чаман,
Карда ба саҳро ватан лолаи дил доғдор.
Боди сабо то вазид, ғунча дам аз ханда зад,
Булбул аз ин хандааш гиря кунад зор-зор!
Ғозагари субҳ зад шона ба зулфи суман,
Гесуи сунбул ба боғ гашта аз ӯ тор-тор.
Қумрию кабку тазарв, фохтаву андалеб,
Навҳа ба ойини худ карда cap аз ҳар канор.
Даъвии гарданкашӣ кард ба гулзор сарв,
Қомати мино барор, то шавад ӯ шармсор!
Лола дуои қадаҳ хонд басе дар чаман,
Пардаи ӯро бидар, ҷоми ҷаҳонбин барор!
З-абри иноёти Ҳақ ғайси2 саодат чакид,
Қатра аз ӯ дар садаф гашт дури шоҳвор.

1 Ваҳҳоҷ – фурӯзанда, дурахшон.
2 Ғайс – борон.

пешина
аз 312
навбатӣ