Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Гар нараванд аз паи тавшеҳу ҳазл,
Ҳазлу хурофот зи шоир хатост!
Ҳамди Худованд ба ҷой оваранд,
Мақсад аз шоирӣ ин муддаост.
Шарҳ кунанд матни саноеъ ҳама,
Фош кунанд, он чи ки андар хафост.
Меҳрсифат гар бикунанд тарбият,
Осафи сонӣ, ки вазоратпаност.
Муътамади подшаҳи мулку дин,
Муътамани хусрави кишваркушост.
З-он ки чу Ҳотам ба карам номи ӯ
Шуҳра ба офоқ ба ҷуду сахост.
В-он ки ба илму адабу фазлу ҷоҳ
Сонии иснайн1 ба зилли Худост2.
Он ки туӣ соҳиби девони шаҳ,
Ҷуз ту дигар соҳиби девон куҷост?!
Аз пайи осоиши ислому дин
Ин ҳама тадбиру мувосо3 куҷост?!
Бин, ки Алишери Навоӣ чӣ кард,
Булбули бисёр аз ӯ дар навост!
Буд дараш маҷмаъи арбоби фазл,
То ба кунун аз карамаш қиссаҳост.
Пояат аз пояи ӯ нест паст,
Дастгаҳат беш аз он дастгост.
Гар ба фалак шаққаи4 ӯ мерасад,
Парчамаш андар аламат як ливост.
Гар шаҳи ӯ буд амири Ҳирот,
Ин шаҳи мо хусрави олитабост.
Ҳазрати шоҳаншаҳи мулки Бухор,
Қадр-ш фузун аз писари Бойқарост!
Пас, зи чӣ рӯ менакунӣ тарбият,
Эй ки туро давлати бемунтаҳост?!
1 Сонии иснайн – дувумин мард аз ду тан.
2 Зилли Худо – паноҳи Худо, сояи Худо.
3 Мувосо – ёрӣ.
4 Шаққа ё шиқка – нимае аз чизе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ