Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оразат хуршеди авҷи дилбарӣ,
Суратат рашки бутони озарӣ.

Барҳаман бинад агар зулфи туро,
Кофарам, гар нагзарад аз кофарӣ!

Дар шаби зулфат дилам раҳ гум кунад,
Субҳи рухсорат намояд раҳбарӣ.

Афтад ошӯбе ба саҳрои Хутан,
Гар диҳӣ бар бод зулфи анбарӣ.

Ламъаи рӯи туро бинад агар,
Маҳ нишинад дар мақоми ахтарӣ.

Аз фалак ояд ба савдои рухат
Бар замин Хуршеду Моҳу Муштарӣ!

Қоф то Қофи ҷаҳон номи ту рафт,
Кас наёрад бар забон номи парӣ.

Дар чаман сарв ар бибинад қоматат,
Сар фуруд орад барои чокарӣ!

Роҳу рафтору равиш гум мекунад
Аз хирому нози ту кабки дарӣ.

Сифлагон, Туғрал, ба шеър оғуштаанд,
Нанг меояд маро аз шоирӣ!

Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,
Бигзарад пеши ту аз даъвии шаккаршиканӣ.

Сунбули зулфи туро бод парешон созад,
Бишканад анбари сороию мушки хутанӣ.

Гарчи абрӯи ту шуд қиблаи ислом, вале
Бути бутхонаи Чину санами аҳриманӣ.

Сурхии бираи танбули лабатро дида,
Хуни ҳасрат хӯрад аз рашк ақиқи яманӣ!

Ҳеч дар боғи ҷаҳон гул набувад чун рӯят,
Эй гули боғи латофат, зи кадомин чаманӣ?!

Даҳанат вақти сухан гар гуҳарафшон гардад,
Нархи хармуҳра шавад қимати дурри аданӣ!

Ба ман омад зи қазо хатми тамомии сухан,
Хатм шуд бо ту чунон даъвии симинзақанӣ.

Ғунча дар боғ агар лаъли лабатро бинад,
Назанад лоф ба пеши ту зи кӯчакдаҳанӣ!

Гарчи нанг аст туро ошиқии Туғрали мо,
Ба Худо шукр кунам, з-он ки ту маъшуқи манӣ!

пешина
аз 312
навбатӣ