Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ,
Бо каф аз майхонаи алтоф ҷоме доштӣ!

Аз баҳори оразат наззораам мечид гул,
Чун нигаҳ дар хонаи чашмам мақоме доштӣ.

Анҷуманорои базми мо ҳадиси васл буд,
Ҳайфи гуфторе, ки з-он шаккар ба коме доштӣ!

Аз тариқу шеваи аҳду вафо гаштӣ бурун,
Бо мурувват байни хубон гарчи номе доштӣ.

Муждаи пайғоми сад қосид буд анфоси Масеҳ,
Аз лаби ҷонбахш моро гар паёме доштӣ.

Хос буд мар омрову ом буд мар хосро,
Аз навозишҳо, ки лутфи хосу оме доштӣ.

Кулбаи мо, Туғрал, аз хуршед партав мезанад,
Сӯи ин кошона гӯё сайри боме доштӣ.


Он рӯзи ваъдаи ту сар омад, наёмадӣ
Нахли умед бо самар омад, наёмадӣ.

Дар интизори ваъдаат андар раҳи Бухор
Мадди нигаҳ зи дида баромад, наёмадӣ.

Гуфтӣ, ки меравам ба Самарқанд назди ту,
Биллаҳ, маҳалли найшакар омад, наёмадӣ.

Баҳри нисори мақдамат, эй гулшани сухан,
Ҷон аз тани фасурда баромад, наёмадӣ.

Бо Туғрал аз навиди ту анқо паём дод,
Бо гӯшам аз вай ин хабар омад, наёмадӣ.

 Тибқи ривояте Туғрал ин ғазалро ба устодаш Шамсиддини Шоҳин эҳдо кардааст.

пешина
аз 312
навбатӣ