Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар замми навиштаҷоти Туғрал, дар охири маҷмӯъа қитъаҳои таърихи Исҳоқбеки Ваҳҳоҷ, Аҳмадҷони Васлӣ, Абдулхайрхоҷаи Хайрӣ, Абдулқайюми Қурбӣ, Қосими Бухорӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмадҷони Равнақ, Саййиди Бухорӣ, Идрисхоҷаи Роҷӣ, Усмони Ҳасратӣ, Гулхании Самарқандӣ, Абдулғании Ҷавдат ва чанде дигар дар хусуси табъи девон, ҳамчунин,
3 қасидаи комили Ваҳҳоҷ ва қитъаи «хотиматуттабъ»-и Аҳмадҷони Васлӣ дар боби девону муаллифи он ҷой дода шудаанд.
Боиси фараҳмандист, ки як дафтари мусаввадаи ашъори Туғрал ҳам барҷой монда, имрӯзҳо дар китобхонаи хусусии марди адабпарвари самарқандӣ Абдулҳамид Пӯлодӣ (Самарқанд, кӯчаи Фролов, хонаи 127, утоқи 1) эҳтиёткорона нигаҳдорӣ мешавад. Ин дафтар ашъору асноду қайдҳои дигари дар миёни солҳои 1890-1919 навиштаи адиб, равшантараш, ашъори зиёди то ба ҳол номатбӯъу санадҳои номаълуми ҳаёту эҷоди Туғралро фаро гирифта, девону рӯзгорномаи ӯро комилтар метавонад кард. Аз ҷумла, дар мусаввада намунаҳои достони «Лайлию Маҷнун», чанд «Арза»
(маснавиҳои хурди лирикӣ), чандин бадеҳаву ғазалу рубоию фарду муаммои шоир марқуманд, ки дар ҷое дигарашон намебинем ва бидуни нашру таҳқиқи онҳо симои асили эҷодии Туғрал норавшан мемонад. Қимати баланду мақоми беназири мусаввадаро дар бобати интишору баррасии осору рӯзгори шоир академик Абдулғанӣ Мирзоев соли 1965 дар мақолаи «Дафтари мусаввадаи ашъори Туғрал ва аҳамияти он» (рӯзномаи «Маориф ва маданият», аз 1-уми июли соли 1965) ҳамаҷониба нишон дода буд.
Баъдҳо бо ташаббуси шоир Маҳмуд Диёрӣ маҷмӯаи мухтасари ашъори Туғрал иборат аз 8 варақ дастраси муҳаққиқон гардидааст, ки соли 1891 танзим ёфта, ҳамагӣ 437 мисраъро дар бар мегирад, аммо ба девону мусаввада чизе наметавонад афзуд.

пешина
аз 312
навбатӣ