Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дуболо шуд зи саҳбои шаҳодат
Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.
Хирад фармуд бо Файёз: «Баргӯ
Ба таърихи вафоташ: «Ҳайфи Туғрал!»
Адиби дигар, Хилъат, ин санаро ба ҳисоби ҳиҷрию мелодӣ (1337/1919) чунин ба назм овардааст:
Ба соли қатли Туғрал, гуфт Хилъат,
Зи чап бинвис нуздаҳ, боз нуздаҳ.
Агар хоҳӣ, ки орӣ соли ҳиҷрӣ,
Биҳ аст аз рост ҳафту сею сездаҳ!
Хушбахтона, ба василаи саъю кӯшиши бевоситаи ходимони оқилу одили ҳизбию давлатии Тоҷикистон – шоир ва нависанда Ҳабибулло Назаров ва марди адабпарвар Сиддиқ Зарифов, дар асоси шаҳодати болшевикони куҳансол А. Баротов, С. Холов, Б.
Холиқбердиев, Б. Орифов, А. Пӯлодов, С. Ҷӯрабоев ва номаҳои сершумори мухлисону донандагони шоир, Президиуми Суди Олии РСС Тоҷикистон бо қарори махсусаш аз 30-юуми декабри соли 1960 қатли Нақибхон Туғрали Аҳрориро беасосу бемаврид ва дар хиёнаткорӣ айбдор шуданашро нодурусту бесанад шумурда, барои нашру таҳқиқи осори гаронбори сухангӯйи шакаргуфтор гузаргоҳи васеъ бикшод.
Аз Нақибхони Туғрал осори гуногунжанру гуногунмавзӯи адабӣ мерос мондааст. Намунаҳои осори шоир аввалин бор соли 1916 дар матбааи Когони Бухоро, бо саъю эҳтимоми дӯстону шогирдону ҳаводоронаш зери унвони «Девони Туғрали Аҳрорӣ»
мунташир гардидаанд. Девони мазкур маҷмӯъаи мукаммалтарини эҷодиёти Туғрал буда, пайиҳам 303 ғазал (5634 мисраъ), 1 мустазод (32 мисраъ), 9 мухаммас (305 мисраъ), 3 мусаддас (132 мисраъ), 1 тарҷеъбанд (66 мисраъ), 8 қасида 570 мисраъ), «Фироқнома» (112 мисраъ), шеъре барои судурволии вилояти Кеш (10 мисраъ), «Соқинома» (136 мисраъ), «Тасдиқот» (196 мисраъ), ду қитъаи таърих (36 мираъ) ва маснавиеро дар хусуси табъи девонаш (106 мисраъ), яъне ҷамъулҷамъ 7335 мисраъ-3668 байт аз осори манзуми суханварро фароҳам овардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё