Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Эй ниҳоли қоматат нахли гулистони Ирам,
Сарви озодат аз он рӯ шуд ба озодӣ алам.

Килки тақдир аз хати райҳон ба райҳони хатат
Насхи таълиқи вафоро кард бар лаълат рақам.

Тойири наззораи ушшоқ бар гирди сарат
Ҳамчу афвоҷи кабӯтар бар лаби боми Ҳарам.

Монии Чин гар бибинад нақши матбӯи туро,
Сурати хубони олам маҳв созад як қалам.

Ҳаст ин маънӣ маро равшан, ки монанди ту нест,
Чун ту маъшуқи паризоде бувад бисёр кам!

Турфа сайёдест чашмони ту, ҳар дам мекунад
Аз хадангаш сояи мижгони нози хеш рам.

Мушк аз ҳасрат ба нофи оҳуи Чин чун шавад,
Гар сабо зулфи туро ошуфта созад субҳдам.

Толиъи баргаштае дорам, ки Туғрал, дар ҷаҳон Субҳи иқболе надидам ҳеч ғайр аз шоми ғам!

Ваҳ, ки маҳрам дар ҳаримаш ғайру ман андар дарам,
Шеваи дилбар гар ин аст, чун аз ин дилбар барам?

Дар мақоми васл бонги бемаҳал дорад рақиб,
Мекунад гӯши хирадро савти ин анкар1 карам.

Дар раҳи ишқи ту гаштам подшоҳи ошиқон,
Маснади ғам тахтгоҳам, чеҳраи асфар фарам.

Дар таманнои ғубори нақши поят хок беҳ,
Ёбад аз зилли ҳумои давлат ар афсар сарам.

Аз ҳуҷуми доғи ишқат шуд дилам оташнасаб,
Чун самандар хӯ ба оташ гир, з-ин миҷмар марам.

Он қадар ҷамъийяти шавқат сиришк эҷод кард,
Аз ҳуҷуми ашки ҳасрат гашт то бистар тарам.

Туғрал, аз қайди сари зулфаш куҷо хоҳам расид,
То абад дар бӯтаи ғам созад ӯ ахгар гарам?!

1 Анкар – зишт, ноҷӯр.

пешина
аз 312
навбатӣ