Зеҳн
Навойи кибриё

Куллиёти ашъоре, ки дар ихтиёри ҳаводорони шеъри ноби форсии тоҷикӣ гузошта мешавад, ба муносибати 150-умин солгарди зодрӯзи суханвари шаҳир ва шаҳиди тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) фароҳам омада, садову навойи дилу хомаи кибриёманзилаташро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 312 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳофизат аз чашми бад бодо Худованди таъол,
Бод, ё Раб, нахли қаддат дар маҳалли эътидол!

Бодапаймойи майи майхонаи шавқи туам,
Чанд пинҳон мекунӣ рухро зи мо, бинмо ҷамол!

Як шабе сӯи мани саргаштаи маҳзун биё,
Умрҳо шуд дар фироқам ман ба уммеди висол.

Бо кӣ аз ҷабру ҷафоят шаммае созам баён?
Ҷуз дили афсурда набвад маҳраме дар ин мақол.

Чораи дарди дили бечораам соз, эй ҳабиб,
Марҳам аз васлат бинеҳ, дигар маро набвад маҷол.

Аз чӣ рӯ з-афтодагони хеш воқиф нестӣ?
Қадри моро менадонӣ, тифлӣ, эй нозукниҳол!

Нолаҳо кардам чу най, таъсир дар гӯшат накард,
Туғрали ошуфтаро ҳаргиз нагуфтӣ чист ҳол.

Маро шӯрест бар cap аз ғами дил,
Намедонам кунун бешу ками дил.

Тарашшуҳ1 мекунад аз дидаи ман
Дамодам ашки хунин аз ями дил.

Яке имрӯз бо мо сайри дил кун,
Ки дорад оламе ин олами дил.

Барафшон донаи кишти муродат,
Шавад сарсабзу хуррам аз нами дил.

Нишин дар пардаи мизроби созаш,
Басе дорад наво зеру бами дил.

Намегардад дигар сайди камонат
Ғизоли ваҳшии мо аз рами дил.

Тавофи Каъбаи дил кун, ки нӯшӣ
Зи чоҳи муддаоят Замзами дил.

Қабули кас нагардад ин ҳикоят,
Агар гӯйӣ, ки бошад маҳрами дил.

Дили худро ба меҳри дил қавӣ кун,
Ки бошад иқди Парвин шабнами дил.

Хирад бар чарх месояд аламро,
Ливояш гар бувад аз парчами дил!

Дар ин меҳнатсаро имрӯз, Туғрал,
Намеёбам касеро ҳамдами дил!

1 Тарашшуҳ – таровиш, шоридан.

пешина
аз 312
навбатӣ